Русия аз таваҷҷӯҳи ДИИШ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳад

Пас аз саркӯб шудан дар Сурия ва Ироқ таваҷҷӯҳи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба самти Осиёи Марказӣ мутамаркиз шудааст.

Пас аз саркӯб шудан дар Сурия ва Ироқ таваҷҷӯҳи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба самти Осиёи Марказӣ мутамаркиз шудааст.

Дар ин бора Олег Илиних, сардори Саридораи муқобала бо терроризми Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 29 март дар конференсияи байналмилалии “Вазифаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалӣ алайҳи терроризм ва экстремизм” дар шаҳри Маскав ибрози назар кард.

Хабаргузории “РИА Новости”-и Русия аз қавли Олег Илиних навиштааст, ки “баъди мағлубияти Халифати исломӣ дар Сурия ва Ироқ таваҷҷӯҳи ин гурӯҳи террористӣ ба самти Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон нигаронда шудааст”.

Ин мақоми ВКД Русия гуфтааст, ки ахиран неруҳои гурӯҳҳои Толибон ва ДИИШ дар шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳаммарз аст, ҷамъ омадаанд.

Ба гуфтаи вай, садҳо нафар шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар сафҳои ДИИШ дар Ироқу Сурия ҷангидаанд, акнун дар Афғонистон мустақар шуда, қасд доранд ба кишварҳои худ бозгарданд.

“Бо дарназардошти ин вазъият Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шангхай ва ИДМ барои муқовимат ба ин хатароти эҳтимолӣ чораҳои зарурӣ меандешанд”-гуфтааст Олег Илиних.

Қаблан низ мақомоти Русия аз хатари гурӯҳҳои террористии “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дода буданд.

Аз ҷумла, Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия моҳи январи соли ҷорӣ дар бораи интиқоли густурдаи ҷангҷӯёни «Давлатӣ исломӣ» ба марзҳои Тоҷикистон хабар дода буд.

Игор Зубов дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии Вазорати умури дохилии кишвараш дар Тотористон иброз дошт, ки ҷангҷӯёни ДИИШ «ба таври густурда бо чархболҳои ношинос аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистон интиқол меёбанд».

Аммо мақомоти Сарраёсати неруҳои марзбони Тоҷикистон таъкид доштанд, ки  феълан вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ором буда ва нишонаҳо дар мавриди ҷамъшавии гурӯҳҳои террористӣ дар наздики сарҳади кишвар ба мушоҳида намерасад.

Русия борҳо масъалаи бозгашти марзбонҳояшро ба марзи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳоро матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфта буданд, ки зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзори лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқбар ва ифротӣ марз осебпазир боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *