Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рустам Тақдирзода:Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов 25 ва 23 соли зиндон карда шаванд

 Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки Бузҳургмеҳр Ёров ба 25 сол ва Нуриддин Маҳкамов ба 23 соли зиндон маҳкум шаванд. Айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳ гуноҳи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро исботшуда номид ва аз додрас тақозо кард, ки вакилони мудофеъ ба муҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шаванд.

Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” айбдор мешаванд.

Муаззама Қодирова, вакили дифои Ёров ва Маҳкамов ба даъвои айбдоркунандаи давлатӣ изҳори норозиятӣ кард ва дар сухани охири худ аз додгоҳ хост, ки нисбати зерҳимояҳояш ба таври одилона ва мунсифона рафтор намояд. Вай гуфт, “Чӣ тавр мешавад, ки аз ду адвокат ё вакили саршинос ду экстремист месозанд?” Ҳол он ки, ба гуфтаи адвокат Қодирова, дар баррасии парванда саҳву хатоҳои зиёде вуҷуд дошт ва ба аъмоли зерҳимояҳояш “ба таври мунсифона расидагӣ нашуд”.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳуқуқҳои 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд.

Ёров ва Маҳкамов ба сиёсӣ будани парвандаҳояшон пофишорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки сабаби боздошт ва муттаҳам шудани онҳо талош барои ҳимоят аз аъзои ҲНИТ мебошад. Баъди кӯшиши табаддулоти давлатии 4 сентябри соли 2015 мақомот 13 узви раёсати ҲНИТ-ро бо иттиҳоми маблағгузории ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода боздошт ва онҳоро ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.