Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сӯхтор дар Суғд ҷони чор узви як хонаводаро гирифт

Сӯхтор дар хонаи истиқоматии Абдумавлон Раҷабов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода, ҷони ӯ ва ҳамсару ду кӯдакашро гирифт. Дар бораи ин ҳодисаи мудҳиш масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои раёсати мазкур, сӯхтор шаби 25 — уми феврал, тақрибан соати 03:04 дақиқа рух додаст.Ба оташнишонон даст надод, ки ақалан ҷони яке аз чор узви ин хонаводаро наҷот диҳанд. «Дуди ғализ ва забонаи оташ, ки ҳама роҳҳои хуруҷро баста буд, сабаби он гардид, ки бошандагони хона дар дохил ҳалок шаванд», — омадааст дар хабари манбаъ. Ҳамин тариқ, падари ин хонавода Абдумавлон Раҷабови 28 — сола, ҳамсараш Сайида Раҷабоваи 25 — сола ва ду тифли онҳо Сафияи чорсола ва Кабирҷони сесола ба ҳалокат расиданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.