Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафири Русия хоки шаҳидонро ба Маскав мебарад (Видео)

19 декабр ба сардии ҳаво нигоҳ накарда дар ноҳияи Турсунзода бо ташаббуси сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ёди фарзандони ҷонсупори Ватан ҷамъомади ”Роҳи хотираҳо” баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад, ки хеле пуршукуҳу шаҳомат баргузор шуд, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии дивизияи 201 Русияи мустақар дар Тоҷикистон ва хонандагони мактабҳои ноҳия иштирок доштанд. Ҷамъомадагон дар сари лавҳаи ёдгории ду тан аз аскарони сурх, ки дар мубориза ба муқобили босамчиён ҳалок гардидаанд, гулчамбар гузоштанд.

Тавре Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон гуфт, ин маърака, яъне “Роҳи хотираҳо”, ки ба ёдбуди сарбозони дар муборизаҳо баҳри Ватан ҳалокгардида бахшида шудааст, то 9 май — 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома хоҳад ёфт.

«Мо мехостем ба фарзандон ва наберагонамон нишон диҳем, ки хешовандони онҳо дар Федератсияи Россия, барои Иттиҳоди Шӯравӣ қаҳрамон мебошанд. Хотираи онҳо бояд барои онҳо азиз бошад ва аз насл ба насл гузарад», – гуфт, Лякин –Фролов дар ин ҷамъомад.

Кормандони сафорат як каф хок аз қабри ин қаҳрамонон гирифтанд ва минбаъд онро ба Маскав бурда, дар маҷмааи ватандӯстӣ, дар Осорхонаи асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия нигоҳ дошта мешавад. Дар он ҷо ёдгорие бахшида ба ҳамаи сарбозони Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ гузошта шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.