Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода мешавад

Сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 1-уми октябр кушода мешавад. Аммо Ӯзбекистону Тоҷикистон бо риояи карантин ва қоидаҳои санитариву гигиенӣ сарҳадҳои худро боз мекунанд.

Шахсоне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон ворид мешаванд, бояд бо худ тести натиҷааш манфии КОВИД-19, ки муддати 72 соати охир гирифта шудааст, дошта бошанд.

Ҳамчунин, дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ озмоишгоҳҳое фаъолият мебаранд, ки бо арзиши 20 доллар тест оид ба коронавирус мегиранд.
Мувофиқи шартҳо, барои кишварҳои “минтақаи сурх”, ба шахсоне, ки ба Ӯзбекистон тариқи постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, гузаштан аз карантини 14-рӯза дар меҳмонхона ё хона зарур аст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj