Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Саратонро дар Суғд табобат мекунан

То имрӯз гирифторони бемории саратон аз вилояти Суғд (агар саривақтӣ бошад) ба шаҳри Душанбе ва берун аз кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Маскав барои табобат мерафтанд. Аммо барои рафъи ин мушкилӣ ва мусоидат барои кам кардани хароҷоти беморон ба вилояти Суғд таҷҳизоти тиббӣ барои ташхис ва табобати ин навъи беморӣ оварда мешаванд. Тавре ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таъкид дошт, ин таҷҳизотҳо то оғози сентябри соли ҷорӣ дастрас ва бо ҷалби духтурони саратоншинос ба истифода дода хоҳад шуд. Номбурда ин иқдомро як навъ дастгирӣ барои табобати беморони саратон арзёбӣ кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.