Сармураббии дастаи “Хатлон” иваз шуд

Федератсияи футболи вилояти Хатлон расман хабар дод, ки Аслиддин Ҳабибуллоев ба вазифаи сармураббии дастаи “Хатлон” таъин шудааст.

Аслиддин Ҳабибуллоев дар ин вазифа Меҳроб Заурбековро иваз кард, ки дар тӯли чор соли охир дастаро роҳбарӣ мекард.

Қаблан Аслиддин Ҳабибуллоев дастаи «Бохтар» -ро (он вақт «Вахш» ) роҳбарӣ мекард ва медалҳои тилло (2009) ва биринҷии (2010) лигаи олии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ капитан ва дарвозабони тими миллии кишвар, мутахассиси маъруфи футболи тоҷик аст. Соли 2003 беҳтарин футболбоз ва дар соли 2009 беҳтарин мураббӣ дониста шудааст.

Зимнан, Аслиддин Ҳабибуллоев корномаи сармураббигиро аз соли 2009 оғоз намуда, ҳамон сол бо дастаи “Вахш”-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозири “Хатлон”-и шаҳри Бохтар) Чемпиони Тоҷикистон гардида, ба Ҷоми Президенти Конфедератсия Футболи Осиё роҳхат гирифта, то марҳилаи нимниҳоии мусобиқа рақобат намудаанд.

Инчунин, Аслиддин Ҳабибуллоев қаблан дар дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар (2011-2013), “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе (2014-2016), ва “Хатлон” (2017-2019) ба ҳайси мураббии калон кор кардааст.

Аз соли 2012 то 2016 дар ҳайати тими мунтахаби миллии ҷавонон ва наврасони Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонон ифои вазифа намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Аслиддин Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбияш ба гирифтани ҷоизаҳои зиёде мушарраф гардидааст. Аз ҷумла, барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи “Вахш” дар соли 2010 мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *