Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сароянда, навозанда ва аккос: тоҷики муқими Қазоқистон кист?

Ҳусейн Изатилоев, сароянда, оҳангсоз ва рассоми тоҷики муқими Қазоқистон се албоми ҷадиди худро бо номи “Фалак” , “Эхо души” ва “Lunar Piano” муаррифӣ кард. Мо бо ӯ доир ба ин се ҷодаи фаъолият, умумият ва махсусиятҳои он сӯҳбати хоссае анҷом додем ва мӯҳтавои онро манзури Шумо хонандагони арҷманд мегардонем.

-Ҳусейн, мегуфтед, ки қадамҳои нахустинро дар ҷодаи санъат кай гузоштед?

-Ҳанӯз 12 сола будам ва дар дастаи бачагонаи ҳаваскорон машқи суруд менамудам. Мо бо аъзои даста ба мактабу кӯдакистонҳо мерафтем ва ҳунарнамоӣ мекардем.

Дар як вақт дар мактаби миёнаи махсуси мусиқии ба номи Малика Собироваи шаҳри Душанбе таҳсил мекардам. Бештар суруд мехондам. Гоҳҳо оҳанг низ эҷод мекардам.  Пас аз он ки ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода шомил шудам, ҷиддан аз пайи эҷод гаштам ва маҳорату истеъдоди худро сайқал додам.

-Аввалин суруд ва оҳанги эҷодкардатон чӣ ном дошт?

-Аввалин сурудам “Ҷони ширин” ном дошт. Он то ҳол аз хотирам намеравад. Аввалин оҳангро бошад баъди хатми мактаб, замони донишҷӯи донишкада будан эҷод кардам. Пас аз чанд сол шоир Парвиз Пӯлодӣ ба ин оҳанг шеър эҷод кард ва ҳофиз Самад Ғанӣ онро суруд. Бояд гӯям, ки бештар ба шеърҳои халқӣ оҳанг баста, суруд эҷод мекунам.

-То имрӯз чанд албоми суруду оҳангҳои хешро манзури мухлисон гардонидед?

-Агар гӯям, ки имсол бароям соли бобарор буд, хато нахоҳам кард. Зеро се албоми худро, ки “Фалак”, “Эхо души” ва “Lunar Piano” ном дорад, расман муаррифӣ намудам.

Албоми якум барои онҳоест, ки ба асбобҳои мусиқии хоси Шарқ таваҷҷӯҳ доранд. Ин албом фарогири мусиқиҳоест, ки барои филм пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар он мусиқиҳое ҷой дода шудааст, ки бо асбобҳои халқӣ иҷро шуда, давоми солҳои 2000-2020 сабт шудаанд. Дар маҷмӯъ, аз 126 мусиқӣ 15 композитсия ба албом роҳ ёфтааст.

Бояд гӯям, ки ман тавонистам ҳамаи устодон ва дӯстонро дар як ҷой ҷамъ оварам, то онҳо тамоми ҳунару маҳорати худро бо навозиши асбобҳои мусиқии кобиз, сато, соз, ғижжак, дудук, флейта, бансури, сетор, думбра, сибизги, дойра ва даф нишон диҳанд.

Тариқи ин минбар мехостам ба Далер Назаров, Иқбол Завқибеков, Тоҳир Исматуллоев, Рон Корб, Аброр Назаров, Зариф Пӯлотов, Муҳаммадвалӣ Орзуев, Селимхан Явуз, Сауле Мирзахан, Замир Ҳусейн ва Амирбеки Пӯлод барои дастгириашон сипос гӯям.

Албоми дуюм фарогири мусиқиҳоест, ки бо асбоби мусиқии роял иҷро шудааст. Ин албом ҳанӯз соли 2020 омода шуда буд ва онро акнун, пас аз як сол нашр намудам.

Дар албоми охирон шеърҳои Анӯша, Ҷамшед Маҳкампур, рубоиҳои Умари Хайём, ғазалҳои Лоиқ Шераливу Толиб Карими Озарахш дар қироати ман ҷой дода шудааст. Бештар аз ҳунарманди дӯстдоштаам, шодравон Маҳмудҷон Воҳидов илҳом мегирам.

Бояд гӯям, ки ҳар се албом дар фазои маҷозӣ, дар Spotifu, Apple Music, Shazam, iTunes, Amazon, Deezer, Yandex Music, YouTube  ва ғайра дастраси ҳаводорони савту навост.

-То ҷойе огоҳем, дар Қазоқистон зиндагӣ мекунед ва бо “Қазоқфилм” ҳамкорӣ доред.

-Дуруст гуфтед. Аз соли 2001 дар шаҳри Алмаато зиндагӣ ва фаъолият мекунам. Бештар бо “Қазоқфилм” ҳамкорӣ менамоям ва ба филмҳои ҳуҷҷатӣ оҳанг месозам. Аз соли 2008 Директори “Интек Евразия – КЗ” (IT ширкат дар соҳаи телеком) ҳастам.

Ҳамчун танзимгар дар филмҳои “Рождественская мистерия” (коргардон Ю.Фетинг, А.Кравчук, оҳангсоз Д.Назаров, соли 2000, Россия), “Падари моҳтобӣ” (коргардон Б.Худойназаров, оҳангсоз Д.Назаров, соли 2001,Тоҷикистон), “Шик” (коргардон Б.Худойназаров, оҳангсоз Д.Назаров, соли 2003, Россия), “Танкер Танго” (коргардон Б.Худойназаров, оҳангсоз Д.Назаров, соли 2003, Россия), “Легенда о Хане Аброе” (коргардон М.Саиитов, оҳангсоз Д.Назаров соли 2006, Қазоқистон) иштирок кардаам.

Ҳамчунин, ба филмҳои ҳуҷҷатии  “9 территория мира” (доир ба Қазоқистон, коргардон Б.Каирбеков, соли 2004-2007), “Зеркальных дел Мастер” (Қиссаи рӯзгори Асанали Ашимова, коргардон Б. Каирбеков, соли 2012),  “Узелки памяти” (Қиссаи рӯзгори Динмуҳаммад Кунаев, коргардон Б.Каирбеков, соли 2012), “Кизилурда. Особенная земля”  (коргардон А.Каменский, соли 2018), “На родине тюльпанов” (аз силсилаи “Табиати Қазоқистон, коргардон О. Белялов, соли 2018), “Алатау”  (аз силсилаи “Табиати Қазоқистон, коргардон О. Белялов, соли 2019), “Каркаралы” (аз силсилаи “Доир ба табиати афсонавии Қазоқистон”, коргардон О.Белялов, соли 2019), “Нуркен Абдиров. Самый младший из моих сыновей” (Қиссаи рӯзгори ҳавонавард, қаҳрамони ҷанг Нуркен Абдиров, коргардон А.Каменский, соли 2019) оҳанг бастаам.

-Ҳоло мехостем, доир ба аккосии худ ва иштирок дар озмунҳо маълумот медодед. 

-Аз хурдӣ ба акс ва наворбардорӣ шавқи беандоза доштам. Соли 2017 курси аккосӣ-наворбардориро бо баҳои аъло хатм кардам, кори дипломиам ба сомонаҳо низ роҳ ёфт.

Соли 2018 чанд аксро ба 15-умин озмуни ҳарсолаи акосии “Золотой объектив Алматы” равон кардам. Дар озмун 47 довталаб 248 акс ирсол намуда буд. Акси ман бо номи “Бародар” дар номинатсияи “Портрети мардона” ба мақоми сеюм сарфароз гашт. Соли 2020 низ дар ин озмун иштирок карда, портрети “Ҳикмат”-ам дар номинатсияи “Портрет” бо ҷойи дуюм сазовор гардид. Ин дастовардҳо маро рӯҳбаланд намуданд.

-Мегуфтед, ки байни сарояндагӣ, навозандагӣ ва аккосӣ ягон пайвандие ҳаст?

-Албатта ҳаст, чунки сарояндагӣ, навозандагӣ ва аккосӣ ба якдигар вобаста ҳастанд ва ҳамдигаро пурра мекунанд. Тариқи аксу навор мусиқиро метавон бо чашми сар дид. Барои мисол, агар мо акс ва мусиқиро ҳамҷоя кунем, пас навор ба вуҷуд меояд.

Ин жанрҳо дар алоҳидагӣ низ вуҷуд дошта метавонанд, аммо мусиқӣ онҳоро пайванди ногусастанӣ мебахшад ва муаллиф метавонад ҳамаи эҳсосоташро ба бинанда расонад.

-Дар ҷодаи сарояндагӣ, навозандагӣ ва аккосӣ устодони Шумо киҳо буданд?

-Дар ҷодаи мусиқӣ се устод дорам: Ҳикмат Ҷаватов, Соҳиб Нозимов ва Далер Назаров. Дар ҷодаи аккосӣ бошад устоди ман, аккоси беҳтарини Қазоқистон Илья Афанасьев. Ҳамеша ба ин шахсиятҳо пайравӣ мекунам, зеро онҳо роҳкушову роҳнамои мананд.

-Агар пурсанд, ки бо маоши кадоме аз ин соҳа метавон беҳтар зиндагӣ кард, чӣ мегӯед?

-Гуфтан номумкин аст, ки бо маоши ин ё он соҳа каму кости зиндагиро метавон пурра таъмин кард. Маош аз маҳорат ва муносибати худи одам вобаста аст. Лекин шахси санъаткор набояд ба маош вобаста бошад, зеро ин сифати эҷодиёти ӯро паст мекунад.

-Аз зиндагӣ, аз корҳое, ки то имрӯз анҷом додед, худ розӣ ҳастед?

-Аввал назди падару модарам сари таъзим фуруд меорам, ки онҳо роҳи маро кушоданд. Аз ҳар як дақиқаи зиндагӣ розӣ ҳастам ва шукри Офаридгор мекунам, ки ба ман ақли расо ва ҳунари воло дод. Ҳамчунин, бо завҷаи меҳрубонам Шарифа (бо писаронам Шаҳриёру Хушанг) ва бо шахсиятҳои беназиру нотакрор рӯ ба рӯ намуд.

-Гуфта метавонед, ки дар ояндаи наздик чӣ нақшаву ниятҳо доред?

-Бояд 10 асарам барои хонандагони мактаби мусиқии бачагона ба табъ расонам. Ғазалҳои шоирони муосири тоҷикро омӯхта, қироат карда, манзури мухлисон намоям. Он потенсиале, ки то имрӯз истифода набурдаам, кор фармоям ва дар ҳар се ҷодаи интихобкардаам аз худ меросе боқӣ гузорам.

-Ба Шумо барори кор. Боварӣ дорем, ки ба ватани худ-Тоҷикистони азиз зуд-зуд ташриф меоваред ва хотири дӯстону пайвандонро шод мегардонед.

Сипос. Ҳатман. Саломату сарбаланд бошед.

Сӯҳбаторо

Амони Муҳаммад

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.