Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сатторӣ: Парвозҳои чартерӣ қатъ нашудааст

Сафири Тоҷикистон дар Русия хабарҳоро дар бораи қатъ шудани парвозҳои чартерӣ барои бозгардонии шаҳрвандон аз Русия рад кард.

Изҳороти сафир баъди он садо дод, ки мақомоти Тоҷикистон аз 30-юми сентябр ба ин тараф ҷадвали нави парвозҳои чартериро нашр накарданд ва ин чиз боис ба нигаронии муҳоҷирон шуд.

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Маскав гуфт, сарфи назар аз нашр нашудани ҷадвали нави парвозҳои чартерӣ, мисли моҳи сентябр, ҳамарӯза панҷ ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон шаҳрвандонро мебаранд.

Ба таъкиди сафир, «ягон нақшаи қатъ кардани парвозҳои чартерӣ вуҷуд надорад. То боз шудани ҳарими ҳавоӣ ба Русия парвозҳои чартерӣ идома мекунанд.»
Сафири Тоҷикистон дар посух ба суоли онки парвозҳои доимӣ ба Русия кай оғоз мешаванд, гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл омодагии худро барои азсаргирии парвозҳои доимӣ пешниҳод кард ва мунтазири посухи Маскав аст. “Ҷониби Тоҷикистон омода аст парвозҳои мунтазамро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монад,” — гуфт Имомуддин Сатторӣ.
Дар умум, ба гуфтаи масъулин, бо ин парвозҳо беш аз 50 ҳазор нафар аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд.
Мақомоти Русия аз 21-уми сентябр парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро ба Қазоқистону Қирғизистон ва Белорус аз сар гирифтанд, то ҳол маълум нест, ки парвозҳо ба Тоҷикистон кай оғоз мешаванд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.