Савдои кӯчагӣ дар пешгириаш оҷиз, ки бошем, онро танзим бояд кард…

Савдои кӯчагӣ

дар пешгириаш  оҷиз, ки бошем, онро танзим бояд кард… 

Қариб  ҳар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе ва мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии кишвар доир ба пешгирӣ кардани савдои кӯчагӣ дар шафати бозорҳои шакли моликияташон гуногун ва сари роҳҳо аз ҷониби мансабдорону масъулон масъалагузорӣ мешавад. Савдои  кӯчагӣ дар баробари мушкилоти забонзадаи нақлиёти хатсайрҳои мусофиркаш – худсарона баландбардории маблағи роҳкиро, надодани 20 ё 40 дирам бақияпулӣ ва   аз меъёри ҷойи нишаст  зиёд кашондани мусофирон дар ҷаласаҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе такрор ба такрор мавриди баррасӣ қарор мегирад. Шаҳрдорӣ роҳбарони бозорҳо ва сардорони раёсату шуъбаҳои корҳои дохилиро ҳушдорӣ дода, муҳлат барои ислоҳи камбудиҳо муайян месозад. Дид, ки баъзеи онҳо дастуру супоришҳояшро нодида мегиранд, дар ҳузури садҳо роҳбарону масъулони корхонаю ташкилоти пойтахт, ки аксар вакилони халқи шаҳри Душанбе маҳсуб меёбанд, шармандавор аз вазифа сабукдуш мекунад. Шахси дигарро ба курсии роҳбарӣ менишинонад. Пас аз ин милисаҳо як-ду бор ба такудаву таҳлука афтида, савдогарони кӯчанишинро меронанд, бору колояшонро ба мошин бор карда, ба шуъбаи  минтақавии милиса мебаранд. Савдогарон ҷазои маъмурӣ  мебинанд ё коре карда забони милисаро ёфта, боз савдои кӯчагиашонро бомуваффақият идома медиҳанд. Чӣ кунанд, ки касбу кори рӯзгузарониашон ҳамин савдои сари кӯча мебошад?!

Мушоҳида мешавад, ки худи милисаҳо низ аз сарбасаршавӣ бо савдогарони кӯчагӣ қимобу безор шудаанд. Коре, ки ба ҳар як тори асаб мерасад, ба кӣ писанд меояд? Аммо милисаҳои корчаллон аз амалиёти савдои кӯчагӣ, бешак, манфиат меҷӯянд. Зеро борҳо дар назди Маркази савдои «Садбарг», бозорҳои «Корвон», «Шоҳмансур», «Деҳқон» ва бозорҳои шахсӣ милисаҳои минтақавӣ баъзе савдогарони кӯчанишинро сарзанишу маломат ва ҳатто дашному ҳақорат дода, меронанд ё худашонро бо молу масолеҳашон ба шуъба ё участкаи милиса  мекашонанд ва чораҳои маъмурӣ меандешанд. Имрӯз ин гуна милисаҳоро савдогарони кӯчанишин, ки аксар мардуми бечораҳоланд, хуб мешиносанд. Омад-омадашонро шунида, колою масолеҳи тиҷораташонро зуд ҷамъ карда, пинҳон мешаванд ва баъди чанде ба ҷойи пештараашон бармегарданд.

Дуруст аст, ки дар пешгирии савдои сари кӯча бояд, пеш аз ҳама, худи сардорони  бозору марказҳои савдо намуна бошанд. Вале онҳо ё аз сари дилсӯзӣ ё сабаби дигаре ба ин кор ҳавасманд нестанд.

Маълум аст, ки  савдои сари кӯча ё кӯчагӣ садсолаҳо вуҷуд дорад. Ҳатто дар замони Шӯравӣ  он нафароне, ки дар бозор ҷой ёфта наметавонистанд, аз савдои кӯчагӣ даромади иловагӣ ба даст  меоварданд. Савдогарони имрӯза аксар аз ноилоҷӣ ба ин кор даст мезананд. Яъне, мушкилоти мазкур ҳалнашаванда боқӣ мемонад ва беҳтар аст, ки роҳҳои қонунии танзими савдои кӯчагиро мутахассисону коршиносони бозор фикр карда ёбанд. Зеро савдои кӯчагӣ дар коҳиши камбизоатии аҳолӣ саҳми муҳим дорад. Инро бояд эътирофу дар танзимаш кӯшиш  кард, на муборизаи бесуд бурд…

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

Назари шумо, хонандагони рӯзнома ва мутахассисони соҳаи бозорро дар бобати мушкилоти мазкур дар сомонаи Tajikistan times интизорем.    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *