Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаҳрвандони Ӯзбекистон аз ДДОТ нарафтаанд

Ҳоло ягон нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил мекунанд, ҳуҷҷатҳои худро бозпас нагирифтаанд.

Танҳо аз донишгоҳҳои Ӯзбекистон барои гирифтани маълумот дар бораи донишҷӯёни ин кишвар дархост ирсол шудааст. Дар ин бора ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт. “Мо бо аксари донишҷӯёни ҳамсоякишвар суҳбат доштем. Онҳо мехоҳанд, ки таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон идома диҳанд. Онҳо нисбат ба таълимгоҳи мо самимият доранд. Зеро дар суҳбат бо онҳо маълум гардид, ки бархе падар ё модарашон ин ҷоро хатм кардаанд. Ин асос надорад, ки ҷониби Ӯзбекистон донишҷӯёнашро бозпас даъват карда бошад”- гуфт, Нуъмонҷон Ғаффорӣ.

Тавре дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, соли ҷорӣ тибқи нақша ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 2305 нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд, ки 42 фоиз ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва 58 фоиз тариқи шартномавӣ рост меояд. Имсол дар рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз рӯи интихоби довталабон мақоми 4-умро касб менамояд. Зеро 66 000 довталаб танҳо ихтисосҳои омӯзгориро интихоб намудаанд.

Аммо дар мавриди қабули шаҳрвандони хориҷӣ бинобар сабаби баста будани марзҳо дар пайи пандемияи коронавирус тасмиме гирифта нашудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.