Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаб, марз, тирпаронӣ, имзои Ятимов, даъвати президентҳо ва оромиву тиркушоӣ

Бар асоси иттилои расида, дар натиҷаи задухӯрдҳо дар марз зиёда аз 200 маҷруҳ шуда, беш аз 20 нафар ҳалок шуданд.

Дар 8-10 соати гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон якчанд ҳодиса рух дод, ки бо истифода аз хабарҳои пахшнамудаи Азия-Плюс онҳоро ба шумо мерасонем.

Таджикистан и Киргизия договорились о прекращении конфликта — РТ на русском

Мухтасаран, имшаб имзою изҳороти якҷояи Тоҷикистону Қирғизистон, хабарҳо аз нақзи оташбасу афзоиши ҷабрдидаҳо, шабмонии президент дар кабинет, шарҳи расмии хабарҳо дар бораи гӯё ғасби деҳоти қирғизҳо ва вокуниши раисиҷумҳури Қазоқистон ба даргирӣ – охирин рух доданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва раиси вилояти Бодканди Қирғизистон  Омурбек Суваналиев, изҳоротеро имзо кардаанд, ки даргирии мусаллаҳона бояд қатъу нерӯҳо ба макони будубоши доимӣ баргардонда шаванд.  Ва ҳамчунин, комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 таъсис ёфт, дар пайи музокирот изҳоротеро имзо намудаанд.

В ООН прокомментировали ситуацию на границе Киргизии и Таджикистана - РИА  Новости, 29.04.2021

“Ҷонибҳо сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба ҷойҳои истиқомати доимӣ баргардонида шуда, барои роҳ надодан ба ташаннӯҷ чораандешӣ шавад”, – омадааст дар изҳороте, ки Ятимов ва Суваналиев имзо кардаанд.

Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи “Тоҷикон” хабар дод, ки баъди оташбас аз ҷониби Қирғизистон ба хонаи як сокини ҷамоати Ворух ҳамла сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 21:00 баъди созиши оташбас сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, соҳибхона осеб надидааст, чун дар хона набудааст. Раиси маҳалла таъкид намудааст, ки ҷамоати Ворух ҳамоно бидуни барқ буда, роҳ ба он аз ҷониби қирғизҳо баста мебошад. Инчунин аз тирпарониҳо дар маҳаллаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Қирғизистон хабар дода мешавад, ки дар натиҷа чандин нафар аз ҷониби Тоҷикистон тир хӯрдаанд.

Таджикистан и Киргизия договорились отвести силы от места перестрелки на  границе

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, низ изҳорот додааст, ки аз даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигарон мебошад. Ӯ баён доштааст, ки барои Қазоқистон халқи тоҷику қирғиз бародар мебошанд, ки таъриху арзишҳои муштарак доранд ва сулҳдӯстию таҳаммулпазирӣ хоси ҳар се давлат мебошад.

Ӯ аз созиши оташбас истиқбол карда, изҳори боварӣ намудаст, ки роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон аз худ хирадмандӣ нишон дода, масоили баҳсиро бо роҳи мусолиҳа ҳал хоҳанд кард.

Стрельба на границе Кыргызстана и Таджикистана. Как разворачивался конфликт

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт. Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби “Головной” дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст. Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.