Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Шамолдиҳак” дар дохили пойафзоли варзишӣ

Сомонаи “Спутник” дар бораи кашфиёти аҷиби донишҷӯи соли дуюми бахши магистратураи донишгоҳи “МИСиС”-и Русия Азамат Тавитов хабар расондааст. Он пойафзолҳои (кроссовкаҳои) нави варзишие мебошад, ки бо “шамолдиҳак” ҷиҳозонида шудааст.
Дастгоҳ бо истифода аз технологияҳои иловагии 3D-чопкунак омода шуда, аз батарея, алоқаи Bluetooth ва идоракунии электронӣ иборат аст. Мувофиқи технологияи истифодабарӣ пойафзолҳои варзишии нав имкон аст, ки бо истифода аз смартфон, ҳарорати даркорӣ дар дохили пойафзол фармоиш дода шавад.
-Ин ақида аз зарурати салқин нигоҳ доштани пой дар рӯзҳои гарми фасли тобистон пайдо шуд. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур идора кардани ҳарорати дохили пойафзол (ё дигар намуди либос) новобаста аз ҳарорати ҳавои беруна мебошад”,-мегӯяд Азамат Тавитов. – Албатта, ин кашфиёти на он қадар муҳим аст, чунки таҷрибаҳои ба ин монанд аллакай дар дигар мамлакатҳо, аз ҷумла дар Ҷопон гузаронида шуда буд, вале аз нигоҳи технологияи муҳандисӣ ин кашфиёт шавқовар аст.
Мувофиқи технологияи истифодабарии крассовкаҳои нав имкон аст, ки бо истифода аз смартфон, ҳарорати даркорӣ дар дохили пойафзол фармоиш дода шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.