Шарҳи тарки Тоҷикистон кардани донишҷӯёни Ӯзбекистон

Вазорати маорифи Ӯзбекистон далели баргардонидани шаҳрвандони кишварашро аз макотиби олии Тоҷикистон шарҳ додааст. Онҳо гуфтаанд, ки танҳо ба донишҷӯён имконияти таҳсил дар донишгоҳҳои ватаниро додаанд ва баргаштани онҳо маҷбурӣ нест.

“Волидон шикоят кардаанд, ки ба фарзандони донишҷӯяшон пул фиристода наметавонанд, ё бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дар феҳристи миллии Ҷумҳурии Ӯзбакистон нестанд”- баргаштани донишҷӯёнашро чунин тавзеҳ додааст  мақомоти кишвари ҳамсоя.

Тибқи иттилои расонаҳо ин ҳама пас аз шикояти волидони донишҷӯёни ӯзбекистонӣ ба мақомоти кишвар сар задааст, ки ҳангоми интиқоли пул ба фарзандонашон ба мушкилӣ дучор мешаванд.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Ӯзбакистон таъкид кардааст, ки ин иқдоми онҳо бо эпидемияи коронавирус рабте надорад. Ҳамчунин намояндаи ниҳод афзудааст, ки онҳо дар бораи қонунгузории Тоҷикистон, ки донишҷӯёни хориҷӣ танҳо баъди курси дуюм ва дар фасли тобистон метавонанд ба дигар донишгоҳ интиқол ёбанд, хабар доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *