Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шартномаи Нуриддин Давронов бо “БОРНЕО”

Ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов бо клуби “Борнео”-и давлати Индонезия шартнома баст. Дар ин бора Нурали Хоркашев дар саҳифаи фейсбукияш хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ тарафҳо барои як сол шартнома бастанд ва ин бозингари нав дар даста таҳти рақами 8 ба майдон мебарояд. 

Ёдрас мешавем, ки Давронов давоми солҳои гуногун дар Клубҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе), «Слобода» (Сербия), «Дунав» (Булғористон), «Мадура Юнайтед» (Индонезия) ва «Умон» (Умон) бозӣ карда аст.

Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 2008 баромад мекунад. Дар ин давра Давронов дар ҳайати дастаи асосии мамлакат, дар бештар аз 50 бозӣ ширкат намудаст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.