Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шикояти гирифторони коронавирус ба раиси Бадахшон (аксҳо)

Имрӯз, 2 июн беморони сирояти коронавирус дар вилояти Бадахшон дар суҳбат бо раиси вилоят Ёдгор Файзов аз шароити беморхона, аз ҷумла кам будани теъдоди ҳоҷатхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқӣ шикоят карданд.

Ёдрас мешавем, ки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъияти бемороне, ки бо бемории сироятии короновирус ё худ Сovid 19 дар Беморхонаи вилояти бистарӣ гардиданд, аз наздик дидан намуд. Раиси вилоят бо беморон суҳбати ошкоро доир намуд. Зимни суҳбат беморон аз шароити беморхона, аз ҷумла кам будани теъдоди ҳоҷатхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқӣ шикоят намуданд. Раиси вилоят ба маъсулини тандурустии вилоят ва раёсати молияи вилоят супориш дод, ки дар муддати кутоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф намоянд. Инчунин, беморон изҳор доштанд, ки дар масъалаи табобати ройгон ва таъмини доруворӣ барои табобати бемории сироятии короновирус мушкилот надоранд.
Гуфта мешавад, ки беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баъди коҳиш ёфтани бемори сироятии короновирус ва гусел гардидани охирон бемор ба таъмири капиталӣ фаро гирифта мешавад.

Ёдгор Файзов дар суҳбат бо беморон
Ёдгор Файзов дар суҳбат бо табибон
-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.