Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шинос шавед: Кадрҳои навтаъин дар мақомоти милитсия

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон номи онҳое, ки дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон дар мақомоти милитсия вазифаи нав гирифтанд, эълон кард.

 Полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, муовини вазири корҳои дохилӣ,  полковники хизмати дохилӣ Умарзода Бахтиёр, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ненерал-майори милитсия Маҳмадшозода Шералӣ Азам, сардори “Шаҳри бехатар” ё худ Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии РБДА,

полковники милитсия Юнус Бобозода Назар, сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД Ҷумхурии Точикистон ва подполковник Насриддинов Собирҷон Рамазонович, сардори Раёсати сохтмони асосии ВКД таъйин гардиданд.

Сардорони нави шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, Суғд ва Хатлон:

  • — полковники милитсия Сафарзода Мирзо Нуралӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • — полковники милитсия Иброҳимзода Иброҳим Абдусалом, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • — полковники милитсия Саидзода Зафар Саид, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • — полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон Гадохоҷа, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • — полковники милитсия Қосимзода Илҳомҷон Обид, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
  • — подполковники милитсия Ҷолизода Рушон Шоалӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;
  • — подполковники милитсия Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд.
-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.