Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

МУҲОҶИРАТ: Даҳ шукру сад куфри он

“Муҳоҷират: даҳ шукру сад куфри он” чунин ном дорад китоби нави журналист, собиқадори матбуот Тоҷинисои Азиз, ки тариқи нашриёти “Адиб” ба табъ расид. Дар ин китоб сафҳаҳои зиндагии сангини муҳоҷирони тоҷик дар Русия инъикос шудааст.

“Воқеоти солҳои 90-уми асри гузашта маро дар қатори ҳазорон ҳамватанон ба муҳоҷират бурд. Ман талхиву сангинии кору нонёбиро дар ватани бегона кашидам. Барои дарёфти қути лоямут ба ҳама кор розӣ шудани муҳоҷиронро дидам, бинобар ин ҳамеша ин мавзӯъи ба худам наздикро пайгирӣ мекардам”, – мегӯяд, муаллифи китоб.
Тоҷинисои Азиз тӯли фаъолияташ дар нашрияҳои “Оила” ва “Тоҷикистон” ҳамеша мавзӯи муҳоҷиратро пайгирӣ мекард ва дар натиҷа онро ба шакли китоб пешкаши хонандагон намуд.

“Чун тоҷикон солҳои тӯлонӣ дар Русия кор мекунанд, аллакай тақдирҳои талху ширин ба вуҷуд омаданд. Дар пасманзари муҳоҷират воқеотҳои зиёд рух дод, ки онҳоро ман ба шакли қиссаҳо навишта, ба нашр расонидам. Инак, баъзе аз он қиссаҳоро дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ кардам”, — мегӯяд номбурда.

Тоҷинисои Азиз, журналисти собиқадор буда, фаъолияти кориашро аз нашрияҳои “Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал” оғоз кардааст. Солҳои охир дар нашрияҳои “Тоҷикистон” ва “Оила” фаъолият дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.