Шумораи одамони қочоқшуда афзудааст

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки танҳо дар соли 2017 даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон мавриди қочоқ ва ё истисмор қарор гирифтаанд. 

Бино ба омори такондиҳандае, ки як идораи мубориза бо ҷинояткории Созмони Миллали Муттаҳид нашр кард, дар он сол 86 шаҳрванди Тоҷикистон ба дасти қочоқбарон афтодаанд, ё дар кишваре мисли ғулом истифода шудаанд.Оморро намояндагони Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноят дар Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 6-уми феврал дар як нишаст дар шаҳри Душанбе эълон карданд. Дар ин нишаст гуфта шуд, 60 шаҳрванди Тоҷикистон соли 2017 аз ҳар роҳе ба кишварҳои арабӣ, Туркия ва Қазоқистону Русия рафта ва мавриди истисмори ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Кун Маркверинг, намояндаи созмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, гуфт, «омори нафарони қочоқшударо мақомоти Тоҷикистон дар ихтиёри мо гузошт. Бар тибқи он, аз соли 2014 то соли 2016 коҳиши мавридҳои қочоқи инсон аз Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Аммо дар соли 2017 ин рақам якбора боло рафт.“ Ӯ мисол овард, ки агар дар Тоҷикистон дар соли 2014 ҳамагӣ 18 нафар ба дасти қочоқбарони инсон, ё дигар ҷинояткорон афтода бошанд, пас, дар соли 2017 теъдоди онҳо аз 80 нафар ҳам гузаштааст. Ба қавли Кун Маркверинг, дар миёни қочоқшудагон 64 зан, 12 мард ва 6 писару 4 духтари наврас будаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *