Соҳиба бо Низомов ба “Шарқ тароналари” меравад

Соҳиба Давлатшоева ва ансамбли “Бадахшон” Тоҷикистонро дар Фестивали умумҷаҳонии мусиқӣ “Шарқ тароналари”, ки санаи 30 август дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин, мусиқишиноси тоҷик, профессор Аслиддин Низомов ба ҳайси аъзои ҳакамони ин ҷашнвора ба Ӯзбекистон даъват шудааст.

“Дар бахши озмунии фестивал кишвари моро ансамбли “Бадахшон” бо роҳбарии ҳунарманди хушсалиқа Соҳиба Давлатшоева намояндагӣ мекунад. Бандаро ба сифати аъзои ҳайати ҳакамони озмун даъват карданд. Умедворам Соҳиба кишвари моро ба таври шоиста муаррифӣ мекунад”-гуфт, зимни суҳбати телефонӣ Аслиддин Низомов ба tajikistantimes.com

“Шарқ тароналари” фестивали ҷаҳонии мусиқист, ки соли 1997 бо ташаббуси президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов таъсис ёфтааст ва он соле ду маротиба дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад.  

Ҳамчунин, дар доираи ин фестивал озмуни “Шарқ тароналари” баргузор мегардад, ки дар он ҳунармандон аз кишварҳои мухталиф ширкат мекунанд. Соли 2017 дар “Шарқ тароналри” наздики 50 кишвар ширкат варзиданд.

Дар таърихи фестивал бори нахуст намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси аъзои ҳакамон даъват шудааст. Мавриди ёдоварист, ки Аслиддин Низомов соли равон Профессори фахрии Консерваторияи Ӯзбекистон шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *