Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаробнӯшӣ чаро байни занони тоҷик муд шуд?

Имрӯзҳо мо дар кӯчаҳои шаҳр занҳои шаробнӯшеро вомехӯрем, ки дар сари роҳ майнӯшӣ карда, беҳушу ёд хобидаанд. Ин амали онҳо шояд касеро ба ҳайрат нагузорад, лекин ин ҳолат боиси таассуф аст, ки зани тоҷик ба майнӯшӣ даст мезанад.Ҷомеаи суннатии мо чӣ ақида доранд? Чаро занҳо шароб менӯшанд? Илми тиб ва ҷамъиятшиносон сабабҳои рӯй овардани занонро ба шаробнӯшӣ дар чӣ мебинанд? Мо ин мавзӯъро пайгирӣ намудем…

Имрӯзҳо мо дар кӯчаҳои шаҳр занҳои шаробнӯшеро вомехӯрем, ки дар сари роҳ майнӯшӣ карда, беҳушу ёд хобидаанд. Ин амали онҳо шояд касеро ба ҳайрат нагузорад, лекин   ин ҳолат боиси таассуф аст, ки зани тоҷик ба майнӯшӣ даст мезанад.Ҷомеаи суннатии мо чӣ  ақида доранд? Чаро занҳо шароб менӯшанд? Илми тиб  ва ҷамъиятшиносон сабабҳои рӯй овардани занонро  ба шаробнӯшӣ дар чӣ мебинанд? Мо ин мавзӯъро пайгирӣ намудем…

Чаро занҳо шароб менӯшанд?

Дар ҷомеаи имрӯза агар мардон шароб нӯшанд, ин сабабҳои ба худ хоси худро дорад, чун яке  ба хотири надоштани маблағ,  дигаре аз сабаби бароварди ғаму ғусса ва сеюмӣ ба хотири айшу ишрат ба  шаробнӯшӣ даст мезанад. Вале занон аз кадом сабаб ба шаробнӯшӣ рӯй меоранд? Мастура яке аз чунин бонувон аст, ки  таърихи шаробнӯшии худро чунин баён кард: “Аз рӯзе, ки худро дар ёд дорам, хонаамон мудом ҷангу ҷанҷол буд. Падарам ҳар рӯз маст ба хона омада, ҳамаамонро зери мушту лагад мегирифт. Дар мактаб бачаҳо “духтари алкаш” — гӯён мазоқ мекарданд. Шаробнӯшиву девонагиҳои падарам асаби ҳамаро вайрон мекард. Баъди хатми мактаб шавҳар кардам, аммо муддати тӯлонӣ зиндагӣ накарда, аз шавҳарам ҷудо шудам. “Аз алам арақ мехӯрам” — гӯиҳои падарам ба ман таъсир кард. Менӯшидам, то тамоми дарду аламамро фаромӯш кунам. Аввал 50-100 грамм менӯшидам, вале баъдан чунон одат кардам, ки як рӯз бе шароб наметавонистам. Аз роҳгузарон пул талбида, арақ мехаридам, то тамоми ранҷу азобҳоямро фаромӯш кунам”.

Фотимаро бошад,  ҷангҷолҳои зиёд бо  шавҳараш майнӯш кардааст . Ӯ  гуфт: “Чанд бор хостам худкушӣ карда, тамоми дарду аламамро фаромӯш кунам, вале ба хотири фарзандонам зиндагӣ мекунам. Рӯз то бегоҳ гадоӣ карда, бо пули мардумдода арақ харида мехӯрам. Ягона чизе, ки асаби маро ором мекунад, ин шароб мебошад”.

Ҷомеашинос чӣ ақида дорад?

Мисли қаҳрамонони мо чандин занонеро вохӯрдан мумкин аст, онҳо низ шояд аз тангии зиндагӣ ба шаробнӯшӣ рӯй оварда бошанд.

Дар ин бора ҷомеашиносон чӣ ақида доранд? Сабабу омилҳои ин амали номатлуби занонро дар ҷомеаи суннатии мо чӣ гуна баҳо медиҳанд? Мутахассисон ба он ақидаанд, ки шояд бисёртар даст задани занони ба шаробнӯшӣ ин аз сабаби ҷудошавии онҳо бо шавҳаронашон бошад.

Неъматулло Шоев, ҷомеашинос дар ин маврид чунин ибрози ақида намуд: “Ин мавзӯи доғ ва яке аз мушкили асосӣ дар ҷомеа мебошад. Сабаби даст задани занон ба шаробнӯширо мо ба якчанд қисмат ҷудо карда метавонем. Занон вақте аз шавҳари худ ҷудо мешаванд, роҳи зиндагии худро интихоб карда наметавонанд. Дар ин вақт онҳо рӯ ба майнӯшӣ оварда, тамоми ғаму ғуссаи худро фаромӯш мекунанд. Агар занон касб, ҳунар дошта бошанд, ҳеҷ вақт ба ин амал даст намезананд. Таъсири маданияти бегона низ ба онҳо таъсир мерасонад. Сафи заноне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, зиёд мебошад. Чун аксари занони мо аз сабаби  надоштани шароити иқтисодӣ ба муҳоҷират рӯй оварда, ба маданияти бегона  ворид шуда, ба майнӯшӣ даст мезананд. Шояд нӯшидани шароб дар давлатҳои ғарб ин кори муқаррарӣ бошад. Аммо даст задани занон  ба шаробнӯшӣ  ба маданияти мо рост намеояд”.

Аввал сигор, баъд шароб

Нодир Амонов, равоншинос, номзади илм ва мудири кафедраи психологияи ДМТ дар ин маврид назари худро чунин баён кард:

“Имрӯз занони мо ба зиндагӣ ва маданияти занони бегона рӯ овардаанд. Мутаассифона, мо мушоҳида мекунем, ки имрӯз баъзе аз занони тоҷик ба   бонувони хориҷӣ тақлид карда истодаанд, ки ин омили хеле нигаронкунанда аст. Ин тақлид ва рӯ овардан ба фарҳангу маданияти бегона дар ҷомеаи мо зиёд ба назар расида истодааст. Дар ин маврид мо гуфта метавонем, ки ҳатто баъзе аз занони мо аввал ба  сигоркашӣ даст зада, баъд рӯ ба шароб меоранд. Дар ин ҷо мисоле меорем, ки  зан шояд, ҳангоми шаробнӯшӣ дар батнаш тифл дошта бошад. Вақте ӯ шароб менӯшад, ба тифлаш бетаъсир буда наметавонад. Асосан баъзеҳо барои паст кардани асабҳояшон онро истифода мебаранд. Май шояд чанд лаҳза мушкилоти зиндагии онҳоро кам кунад. Вале дар зиндагӣ ҳеҷ вақт мушкилоти зиндагии онҳоро кам намекунад. Таввасути 10 соат худро аз ғам дур кардан онҳо якумр ба саломатии худ таъсир мерасонанд. Ҳар нафаре, ки ба шароб рӯй меорад, лаҳзае худро аз ғам дур мекунаду халос.

Оморе, ки мо дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғ. Ғуломов ба даст овардем, далели гуфтаҳои боло мебошад.  Тибқи ин омор, теъдоди майзадагон дар  нуҳ моҳи соли 2019 дар кишвар ба 6255 нафар расида, аз ин 193 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин гуфтаҳои боло занони шаробнӯш дар кишвар рӯз аз рӯз афзуда истодаанд. Яке аз тангии зиндагӣ ба ин амали номатлуб даст задаасту дигари бошад, аз ҷабри шавҳару хушдоман.

Баъди таҳқиқи мавзӯъ ба хулосае омадем, ки занон шаробро барои чанд лаҳзае барои фаромӯш кардани дарду ранҷи зиндагӣ менӯшанду андеша намекунанд, ки он ба чӣ  оварда мерасонад.

Назари дигаре доред?  Нависед ва  ба [email protected] ирсол намоед.

Ширин Тоҳирӣ,

Уғулой Қутбиддинзода,

“Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Хаким. 18.10.2019 17:14

    Аз дини ислом дуршудан ва худоро аз ёд баровардан ба ин рузхо оварда мерасонад.

  2. мирзолукмон 21.10.2019 03:52

    вақте мо ахлоқу фарҳанги исломиро бегонапарастӣ номидем, дигар роҳ ба сӯи бебандуборӣ ва ва бадхлоқӣ кушода шуд, шарму ҳаё намонд. агар мушкилоте сар мезад назди мулло мерафтанд ва мулло роҳи наҷоти дунёву охиратро нишон медод. имрӯз ин бечораҳо назди кӣ раванд? назди ҳар каси ғайримулло бираванд, онҳо аз тану ҷисми он зан тамаъ мекунанд, дар натиҷа зан ноумед мегардад, дар атрофи худ танҳо даррандаҳоро дар сурати одамӣ мебинад.

  3. Амони Мухаммад 23.10.2019 11:09

    Апам ширин, хуб кардед, ки ин масъаларо матрах намудед. Ба шумо барори эчод

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.