Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сарҳадбонони узбак сокини Конибодомро захмӣ карда бо худ бурдаанд

Як сокини наздимарзии ноҳияи Конибодомро марзбонони узбак захмӣ намуда, ҳамроҳи худ ба Қӯқанд бурдаанд. Ҳоло ин сокини ноҳияи Конибодом дар асароти сарҳадбонони Узбакистон қарор дорад.


Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта, сарҳадбонон дар минтақаи наздики марз, ки ҳоло пуррра аломатгузорӣ нашудааст, ҷониби сокини н ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом тир холӣ кардаанд, ки дар натиҷа Ҳайдар Қозиев сокини 30-солаи ин ноҳия захмӣ мешавад ва ӯро бо худ ба Қӯқанд мебаранд.

Дар ин хусус Эргаш Маҳмадҷонов, раиси деҳаи Яккатераки ҷамоати Патар ба расонаҳо хабар дода, афзудааст, ки Ҳайдар Қозиев асосан ба подабонӣ машғул буд ва ин ҳодиса ҳам ба подабониаш рабт дорад.

Ба бар асоси гуфтаи Эргаш Маҳмадҷонов, раиси деҳаи мазкур мақомоти Узбакистон аввал ин сокини ноҳияи Конибодомро ба бемористони Бешариқ бурда, пас аз он ки вазъи саломатиаш беҳтар мешавад, ба Қӯқанд интиқол медиҳанд.  Мақомоти Узбакистон аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки шиносномаи Ҳайдар Қозиевро ба мақомоти Узбакистон бифиристанд.

Ин бори аввал нест, ки сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ аз дасти сарҳадбонони узбак захмӣ мешаванд.

 

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.