Суҳбати онлайнии Исматуллозода бо сардухтурони беморхонаҳои Суғд

Муовини  Сарвазири кишвар Ширин Исматуллозода ва муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар Донишкадаи политехникии ДТТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо сардухтурони вилоят тариқи онлайн суҳбат карданд.

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада иттилоъ дод, ки дар ҳолати ҳозираи пешгирӣ аз вируси COVID-19 донишкада метавонад саҳми худро бо ташкили онлайн мусоҳиба бо духтурон гузорад. Таъкид шуд, ки донишкада дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ пешсаф буда, имконият дорад тариқи онлайн конференсияҳои гуфтугӯи мустақим бо табибони вилояти Суғдро ташкил намояд. Барои ин амал, яъне ташкили видео-конференсия дар сервери донишкада барномаи махсус насб карда шудааст. Барнома айни замон барои ташкил намудани конференсия тариқи онлайн имконият медиҳад. Сервери ҷудошуда ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, табибон аз ҷои кори худ баъди насби ин барнома дар телефонҳои мобилии худ метавонанд ба конференсия пайваст шаванд.

Сипас, тавассути ин барнома онлайн-вохӯриро бо духтурон дар толори шӯрои олимони донишкада ташкил карда шуд ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода бо муовини сардухури беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Бахтиёр Набиев, сардухтури таваллудхонаи шаҳрӣ Муқаддам Ёқубова, духтури беморхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мурод Ҷӯраев, сардухтурони беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷ.Расулов Фирдавс Тӯрахонов ва Дилмурод Раҳматуллоев, духтури беморхонаи шаҳри Истаравшан Фарҳод Обидов, сардухтури беморхонаи ҷамоати Ҳайдар Усмонов дигарон тариқи онлайн бо воситаи ин барнома аз ҳолати беморон, бо озуқаворӣ таъмин будани онҳо, риояи гигиенаи шахсӣ аз тарафи беморон ва духтурон пурсон шуда, иброз дошт, ки Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмак ҳамеша омода аст.

Духтурон ба  Ширин Исматуллозода доир ба раванди ташхису табобат иттилоъи муфассал доданд.Сипас, Ширин Исматуллозода раёсати донишкадаро вазифадор кард, ки шароити кории барномаро дар давоми 24 соат ҳамарӯза таъмин намоянд.

Ширин Исматуллозода, муовини Сарвазир ҳангоми гуфтугӯи онлайн бо сардухтурон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *