Суғд: Шашумин сӯхтори нақлиёт

       Шаби рӯзи 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд нақлиёти тамғаи «Мерседес Бенс» оташ гирифт, ки дар дохилаш ду нафар сокинони ин шаҳр, яке духтар ва дигар ҷавонписар қарор доштанд. Бино ба иттилои Хадамоти давлатии оташнишонии Хуҷанд, нақлиёт соати 00:05 дақиқаи шабона оташ гирифта дар пайи он 8 фоизи қисмати даст ва рӯйи ронанда ва мусофир низ сӯхтааст. Ҳоло сабаби асосии оташ гирифтани нақлиётро санҷида истодаанд. Тибқи фарзияҳои пешакӣ «Мерседес Бенс» дар натиҷаи иллати газӣ оташ гирифтааст. Дар соли ҷорӣ ин 6-умин ҳолати оташ гирифтан нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад, ки дар аксар маврид сабаби оташгириро нуқсони газӣ ном мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *