Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Субҳон Кошонов – собиқ сармуҳаррири “Ҷумҳурият” даргузашт

Субҳон Кошонов, журналисти маъруф, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва раиси иҷроияи анҷумани Тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” имрӯз ба олами абадӣ пайваст. Дар ин бора Ҳусниддин Ғафоров, муовини марҳум ба pressa.tj хабар дод.

Гуфта мешавад, ки намози ҷаноза саоти 16:00 дар масҷиди Марказӣ баргузор мегардад.

Бояд зикр кард, ки Субҳон Кошонов (мутаваллиди соли 1953) дар тӯли фаъолияти кории худ ҳамеша дар вазифаҳои пурмасъул кор карда, ҳар кореро, ки барояш супоридаанд аз самими қалб ба сомон расонидааст. Ӯ номзади илми сиёсатшиносӣ (1982), дотсент, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975), коромӯз ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи Илмҳои ИҶШС (1976-1982) буд. Солҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Қӯрғонтеппа ба ҳайси муаллими калон, мудири кафедраи фалсафа, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1984-1993) фаъолият доштааст.

Мавсуф аз соли 1993 дар вазифаҳои мудири бахши сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ ҶТ (1993-1996), машваратчии калони хадамоти матбуоти Президенти ҶТ (1996-1997), Ёрдамчии Президенти ҶТ (1997-2000), сармуҳаррири нашрияи расмии ҶТ «Ҷумҳурият» (2000-2005), Мушовири Президенти ҶТ оид ба сиёсати кадрҳо (2005-2007), Мушовири калони Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2007- 2014) ифои вазифа намудааст.

Субҳон Кошонов аз моҳи феврали соли 2014 то ба имрӯз ба унвони Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд ифои вазифа намудааст.

Субҳон Кошонов муаллифи чанд рисола, мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ аст. Ба таври мунтазам оид ба ин ё он масъалаҳои ҷомеашиносӣ ба хусус роҷеъ ба «Ташаккули зиёиёни тоҷик ва муносибати байни миллатҳо» асарҳои зиёде таълиф намуда, дар чандин конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австрия, Булғория, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Олмон, Русия, Туркия, Фаронса ва ШМА сухаронӣ кардааст.

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.