Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тағироти кадрӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳо

Ду курсии муовини ректор дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки муддати як моҳ холӣ буд, соҳибонашро пайдо кард.

31-уми марти соли равон муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони тозатаъйини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ Абдулмаъин Қаюмов ва оид ба илм ва инноватсия Асадулло Наҷмуддиновро муаррифӣ намуд.

Муҳаммаддовуд Саломиён дар оғози суҳбат аз рушди соҳаҳои маориф ва илм ёдовар гардида, кадрҳои таъйиншударо барои содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватан даъват кардааст.

Ҳамчунин, ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода муовинони ректорро барои таъйин шуданашон ба вазифаҳои пурмасъулият табрик намуда, зикр кардааст, ки бояд саҳми шоистаи хешро дар рушди маориф ва донишкада гузоранд.

Ёдрас мешавем, ки муовини ректор оид ба таълим дар ин донишкада Маҳмудхон Шоев буд, ки бо фармони Президенти кишвар ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин шуд. Муовини дигари донишкада оид ба илм Муҳаммадҷон Олимзода буд, ки ахиран раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Президенти Тоҷикистон таъин гардид.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.