Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

23 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баромада, ҳамагонро ба иҷрои оини наврӯзии поксозию ободонии муҳити зист ва ниҳолшинонию сабзазорсозии атроф даъват намуданд.

23 марти соли 2014 дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшиданд.

23 март соли 2015 дар паҳлӯи қасри фарҳангии Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Рӯзи байналмилалии метеорологҳо.

Рӯзи Покистон  – яке аз идҳои асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Дар Боливия – Рӯзи баҳр.

23 марти соли 2014 дар Осорхонаи этнологии Берлин Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Казоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Эрон ва  Туркия тантанаҳои наврӯзӣ баргузор намуданд.

23 марти соли 2016 дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ дар вазъияти тантанавӣ аз рӯйи муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта шуд.

23 марти соли 1806 дар Англия ғуломфурӯшӣ манъ карда шуд.

23 марти соли 1841 дар Лондон аввалин маротиба дар Аврупо озмоишгоҳи суратҳо кушода шуд.

23 марти соли 1999 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хабар дод, ки сатҳи бемории сил дар ҷаҳон ба нуқтаи назари интиқодӣ расид.

Соли 1837 дар Канада ба аҳолии сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

23 марти соли 1891 аввалин маротиба дар дарвозаи футбол тӯр истифода бурда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–105-солагии зодрӯзи Ғанӣ Маъруфов (1915-1980), собиқадори кино, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

–115-солагии зодрӯзи Борис Тинин (1905-1990), актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Артисти халқии СССР.

–85-солагии зодрӯзи Владимир Фролов (1935), нависанда, профессор. –Рӯзи байналмилалии обуҳавосанчҳо.

Татяна Чеботарёва кист?

Доктори илми тиб, профессор Татяна Чеботарёва 23-юми марти соли 1940 дар ш. Перм таваллуд шудааст. Соли 1963 Институти давлатии тиббии ш. Пермро ба итмом расонда, дар ИДТТ ба номи Ибни Сино фаъолияташро оғоз намуд. Давоми қариб сӣ сол дар кафедраи бемориҳои сил вазифаҳои ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсентро иҷро намуда, баробари кори педагогӣ ҷиҳати рафъи касалиҳои сил дар маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҷрибаҳо гузарондааст.

Аз соли 1992 дар Университети тиббии ш. Омск сабақ медиҳад. Оид ба ташхису пешгирии бемории сил, бемории шуш зиёда аз сад таълифот ба табъ расондааст. Ковиши илмиаш бахусус бобати чорабиниҳои муолиҷавӣ-профилактикии ҳифзи саломатии кӯдакони аз занони гирифтори бемории сил таваллудшуда шоистаи ситоиш аст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.