Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Шарифмурод Исрофилниё 55-сола шуд

Имрӯз, 7-уми январ инҳо мавлуд доранд:

Сафар Аюбзодаи Маҳзун (1956-2020), 65-солагии зодрўзи шоир.
Лола Додихудоева (1951), 70-солагии зодрўзи муаррих.
Шарифмуроди Исрофилниё (1966), 55-солагии зодрўзи доктори илми филологӣ, профессор.

Санаи таърихӣ:
95-солагии кушодашавии (1926) аввалин мағозаи китоб дар шаҳри Душанбе.

Маълумотнома
Исрофилниё Шарифмурод соли 1990 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Солҳои 1990 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи назди ДМТ дохил шудааст. Соли 1992 ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантура гузашта, дар кафедраи таърихи адабиёти классикии ДМТ ба сифати ассистент ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1995 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тасвири май дар ашъори Ҳофизи Шерозӣ» дифоъ намудааст. Аз соли 1996 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи адабиёти классикии тоҷики ДМТ кор кардааст. Соли 2001 то 2005 декани шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон мудири кафедраи филологияи тоҷики ин донишкадаро ба ӯҳда дошт. Солҳои 2005—2006 ба ҳайси декани факултаи забонҳои Шарқи ДДЗТ ифои вазифа намудааст. Солҳои 2007 −2010 докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва июли соли 2010 дар мавзӯи «Носири Бухороӣ ва такомули ғазал дар асри Х1У» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Солҳои 2010—2011 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, солҳои 2011—2012 профессори кафедраи таърихи адабиёти классики тоҷики ДМТ ва чандин соли тӯлонӣ ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи тахсилоти Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолият дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.