Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон»

26 марти соли 2009 зимни сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон 5 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

26 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) баргузор гардид.

26 март соли 2014 дар Афғонистон Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ба имзо расид.

Дар Бангладеш – Рӯзи истиқлолият.

Дар Ветнам – Рӯзи ҷавонон.

26 марти соли 2010 муроҷиатномаи муштараки бизнес-ассотсиатсияи Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ нашр карда шуд.

26 март соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуданд.

26  марти соли 2013  дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Конфронси минтақавӣ оид ба татбиқи Нармафзорҳои Озод ва Кушодаасос (НОКА) баргузор гардид.

26 марти соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон»- ифтитоҳ намуда, дар фестивали кӯдакон иштирок намуд.

26 март соли 2014 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии намоиш-ярмаркаи чоррӯзаи байналмилалии «Таҳсилоти россиягӣ-Душанбе-2014»  баргузор гардид.

26 март соли 1996 Фонди байналмилалии асъор  ба Россия 6,9 миллиард доллар қарз ҷудо намуд, ки калонтарин карз дар таърихи фонди мазкур ба ҳисоб меравад.

–70-солагии зодрӯзи Муҳаббат Азизова (1950-1990), наттоқи радио ва телевизион. 

–115-солагии зодрӯзи Деҳқонбой Қобилов (1905-1990), паҳтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

–100-солагии зодрӯзи Қосим Маҳмудов (1920-1990), журналист.

–100-солагии зодрӯзи Юрий Полукарев (1920-2001), арбоби ҳизбӣ (1970-1978 котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон).

–155-солагии зодрӯзи Нақибхон Туғрал (1865-1919), шоир.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.