Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҷдиди назар дар сурате, ки аз терроризм даст кашанд

Ҷунбиши радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бо Русия барои лағви таҳримот алайҳи ин созмон гуфтушунид мекунад. Дар ин бора ба РИА Новости намояндаи дафтари сиёсии ҳаракат дар Дубай Сухейл Шоҳин хабар дод.
Шоҳин гуфт, ки ҳафтаи гузашта зимни боздид аз Маскав мақомоти Толибон аз Русия хостанд, ки ин ҳаракатро аз феҳристи таҳримоти Шӯрои Амнияти СММ хориҷ кунад.

Қаблан Никита Мендкович, коршиноси Маркази омӯзиши Афғонистони муосир ва Шӯрои Русия оид ба корҳои байналмилалӣ, дар мусоҳиба бо Лента.ру шартҳоеро номбар карда буд, ки тибқи он Русия метавонад мақоми ҳаракати Толибонро, ки дар кишвар мамнӯъ аст, бознигарӣ кунад. Ба ақидаи ӯ, таҷдиди назар дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки Толибон нақшаи фаъолияти худро дар Афғонистон тағир диҳанд ва аз терроризм даст кашанд.

Магар ин имкон дорад? Дар сурате, ки то ҳанӯз ин ҳаракат ягон иқдоми хубе аз ҷониби худ нишон надодаст?! Дар ҳақиқат агар Толибон нақшаи амалиёти худро дар Афғонистон тағир диҳанд, ин боиси оромиши ҷомеа мегардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.