Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҷовузи духтар аз ҷониби падар

Мақомоти тафтишотӣ дар вилояти Суғд шикояти як духтари 19-соларо таҳқиқ доранд, ки падарашро дар таҷовуз ба номусаш муттаҳам мекунад.

Ин ҳодиса баъди талоши худкушии духтар дар дарёи Сир дар таърихи 17-уми сентябри соли 2019 фош гардид. Раҳгузаре монеи ин кор шуд ва духтарро ба назди нозирони минтақавии милитсия бурд. Санҷиши тиббию додгоҳӣ, ки бо талоши ходимони милитсия барпо шудааст, расман гумонбари таҷовуз ба номуси духтарро пайдо карданд, ки падари таҷовуздида ба ҳисоб мерафт.

Ба гуфтаи худи ӯ ва ҳимоятгарон, “се моҳ пеш падар барои бароварда кардани ниёзҳои шаҳвонии худ, рӯи Гулнораро (номи шартӣ) бо зӯр ба девор пахш карда, дар ҳолате ки духтарро аз пушт зер карда буд, эҳтиёҷи худро қонеъ кардааст. Пардаи бакорати духтар осеб надидааст”.

 Масъулони созмони ҷамъиятии “Гулрухсор”, ки аз ҳаққи ин духтар ҳимоят мекунанд, гуфтанд, “санҷиши тиббию додгоҳӣ вуҷуди ҳодисаро тасдиқ кард”, аммо хоҳару бародарони мард ин вазъиятро тӯҳмат арзёби кардаанд.

Тафтишод оид ба ин ҳодиса идома дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.