Тағйири бинӣ: Ҷарроҳии пластикӣ чӣ паёмад дорад?

Тағйир додани шакли биниро дар тибби муосир ринопластика меноманд. Ринопластика дар кишвари мо рӯз то рӯз афзуда, бештар занону духтарон ба тағйир додани шакли биниашон майл доранд.

Ин навъи ҷарроҳӣ ба гурӯҳи ҷарроҳиҳои  пластикӣ ворид шуда, бо мақсади  бартараф  намудани нуқсонҳои берунии бинӣ гузаронида мешавад.  Бештари онҳое, ки намуди зоҳирии худро тағйир додан мехоҳанд, бо сабаби надоштани маълумот ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд.

Онҳо намедонанд, ки барои гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ тавсияи кадом духтурро бигиранд. Оё синну сол барои ринопластика аҳамият дорад? Давраи барқароршавии баъдиҷарроҳӣ чанд рӯзро дар бар мегирад? Барои посух ба ин суолҳо мо суҳбати кӯтоҳе доштем бо Нозим Шодиев, мудири бахши гӯшу гулӯву бинии Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе, ки муҳтавояш чунин аст:

-Ду навъи ҷарроҳии пластикии бинӣ, берунӣ ва дарунӣ вуҷуд дорад. Пластикаи берунии бинӣ, аз тарафи мутахассиси гӯшу гулӯю бинӣ  (ЛОР)  ё ортопед тавсия дода мешавад.  Ин навъи ҷарроҳӣ аз нигоҳи зебошиносӣ ба афроде, ки нуқсони модарзодии берунии бинӣ доранд,  пас аз осеб ва ё ҷарроҳии миёндевори бинӣ, ки сепопластика меноманд, ба  касоне, ки бинии бузург, дорои  баландии пуштаки бинӣ ё  фурӯхамидагии пуштаки бинӣ, шикастани бинии беруна, дар ҳолати пас аз амали ҷарроҳӣ дар миёнадевори бинӣ, ки боиси хамидагии нӯги бинӣ мегардад, тавсия дода мешавад.

Барои анҷоми ринопластика беҳтар аст, ки синни бемор аз 16 — сола боло бошад, зеро дар ин синну сол ҳамаи узвҳои бадан хуб инкишоф ёфтааст ва дар зуд барқароршавии ҷарроҳӣ мусоидат мекунад.

Барқарор шудани баъди ҷарроҳӣ тӯлонӣ нест. Баъди як рӯзи амалиёт рӯи бинӣ бо гипсиселикон, яъне нимпласт пӯшонида мешавад. Навъи нимпласт 7 рӯз нигаҳдорӣ мешавад. 

Ба ҳамаи беморони ҷарроҳишуда, ҳудуди 3 ҳафта дар  рӯи бинӣ часпонидани биничасп тавсия дода мешавад, ки яке аз шартҳои асосӣ пас аз ҷарроҳӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *