Тақвими рӯз: Ҷашни Сада ва 96-солагии Ҳанифа Мавлонова

Сада яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик буд, ки рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ-Баҳман барпо мешуд. Азбаски аз даҳуми Баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, маънои оташро ифода менамояд. Оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшноӣ, яъне пирӯзӣ бар торикист.

Ҳанифа Мавлонова 30 январи соли 1924 ба дунё омадааст. Духтари мутриби халқӣ Муҳиддин Мавлонов мебошад. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ рағбат дошт. Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинободро соли 1936 хатм карда, дар Консерваторияи давлатии Москва таҳсил намудааст. Пас аз хатми омӯзишгоҳ солҳои 1937-1939 дар Театри тамошобинони ҷавонон ва солҳои 1939-1943 дар Театри мусиқи Ленинобод кор кардааст.

Дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш Мавлонова нақши Санавбарро дар драмаи мусиқии “Санавбар”-и Р. Ҷалил бозида, муваффақият пайдо намудааст. Аз соли 1943 ӯ ба ҳайси солисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Мавлонова аз соли 1967 то нафақа баромаданаш дар вазифаи мудири кафедраи вокалӣ ва тайёрии операвии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор кардааст.

Солҳои охири ҳаёташро Ҳанифа Мавлонова дар ИМА гузаронида онҷо соли 2010 вафот кардааст.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

-107-солагии зодрӯзи София Тӯйбоева (1913), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

-96-солагии зодрӯзи Ҳанифа Мавлонова (1924), Ҳунарпешаи халқии СССР.

-65-солагии зодрӯзи Сафар Абдулло (1955), адабиётшинос, профессор.

-75-солагии зодрӯзи Усмонҷон Ғаффоров (1945), муаррих, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

-80-солагии зодрӯзи Абдухолиқ Набиев (1940), олими соҳаи педагогика.

-60-солагии зодрӯзи Павел Турсунов (1960), оҳангсоз.

-65-солагии зодрӯзи Марат Юмагулов (1955), доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *