Тақвими рӯз: Рӯзи китоби кӯдакона

2 апрели соли 1946 Маркази ядроии «Арзамас-16» таъсис дода шуд.

2 апрели соли 1966 Моҳвораи шӯравии «Луна-10» дар ҷаҳон нахустин киштии кайҳоние шинохта шуд, ки Моҳро давр зад.

2 апрели соли оли 1935  дар Сталинобод маросими кушодашавии аввалин сирк баргузор гардид.

2 апрели соли оли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба ҳукми қонун даромад.

2 апрели соли оли 2014 дар маркази шаҳри Хуҷанд бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Зиннат» таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

2 апрели соли оли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда  будананд, ба ҳузур пазируфт.

2 апрели соли оли 2015 Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *