Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҷлили солгарди Оғохони IV дар Душанбе

Шоми дирӯз дар меҳмонхонаи «Душанбе-Серена»  пайравони мазҳаби исмоилия 59-умин солгарди ба тахти имомат нишастани пешвои руҳонияшон, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV, имоми 49-уми худро таҷлил карданд.

 Дар ҷашни Оғохони  IV намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аз ҷумла сафирони Русия, Эрон, Озарбойҷон, Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату идора ва ташкилотҳои кишвар ҳузур доштанд.

Акбар Алӣ Песнанӣ, намояндаи дипломатии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла иброз дошт: “Барои расидан ба ҳадафҳои рушд Имомати Исмоилия дар моҳи майи соли 1995 Созишномаи Ҳамкориро бо Ҳукумати  Тоҷикистон ба имзо расонд. Дар асоси ин Созишнома дар давоми зиёда аз 21 сол Ташкилоти Оғохон оид ба рушд тариқи агентиҳои худ ба кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи рушди  сифати маориф ва тандурустӣ, фароҳам овардани имконотњои дастрасӣ ба хизматҳои молиявӣ, таъмини амниятӣ озуқаворӣ, инчунин  корњои  тармим ва ҳифзи арзишҳои фарњангї, мусиқӣ ва меъмории миллӣ ҳиссагузорӣ  карданд,  минбаъд ҳам дар якҷояги ҳадафҳои асосиро баҳри некўаҳволии ҳаёти тамоми мардуми Тоҷикистон равона месозем”.

Идибек Қаландаров, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ Ташкилоти Оғохонро  ба сифати  шарики наздик ва боэътимоди кишвар донист: “Ҳамкории фаъоли Тоҷикистон бо Шабакаи рушди Оғохон аз соли 1992 оғоз ёфта, мо ин созмонро, ки дар тавсеаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ба вежа рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тандурустӣ, таълиму тарбия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра саҳмгузор мебошад”.  Барномаву лоиҳаҳое, ки тавассути Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди манотиқи кӯҳистон, энергетика (барои мисол, НБО-ҳои Себзор ва Санобод, тавсеаи ширкати Помир Энержӣ), маориф (мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳои марбут ба рушди  синни томактабии кӯдакон), тандурустӣ (Маркази минтақавии ташхис дар Беморхонаи марказии Хоруғ), инчунин пешгирӣ ва мудирияти офатҳои табиӣ татбиқ мешаванд, намунаҳои боризи ҳамкории судманд ва саҳми Ташкилот дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳисобида шуданд.
Тибқи иттилои дастрасшуда, Оғохони IV, ки имсол ба синни 80  мерасад, давоми 59 соли охир роҳбарии исмоилиёни ҷаҳонро ба уҳда дорад. Ӯ дар синни 20 -солагӣ, баъди вафоти бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оғохони III ба тахти имомат нишастааст.

IMG_0416 IMG_0396

 Маълумотнома

Оғохони IV, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон таваллуд шудааст. Дорои дипломи таърихи ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оғохон» (AKDN) аст.

 

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.