Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Табиби тоҷик – қаҳрамони ҷанги сеюми ҷаҳон

Журналисти маъруфи тоҷик Додоҷони Атовуллоҳ дар саҳифаи худ пандемияи короновирусро ҷанги сеюми ҷаҳон унвон кард ва табибонро сарбозони ин ҷанг номид. Ҳамчунин ӯ дар як матлаб дар бораи Гулрӯ Шарифова ном табиби тоҷик қисса мекунад, ки дар Ню-Йорк бар зидди COVID-19 мубориза мебарад.

Ин матлбаро пешкаши шумо мегардонем.

Ҷанги эълоннашуда.

Ҷанги наве, ки ҳоло ғолибу мағлубаш пайдо нест.

Сарбозони асосии ин ҷанг табибон ва ҳамшираҳои шафқатанд, ки бар зидди душмани маккор ва ноошное, ки коронавирус ном дорад, ҳар лаҳза дар набарданд.

Дар ин ҷанг ман азизе дорам, ки ҳар рӯз барояш дуо мефиристам.

Гулрӯ Шарифова аз таборони ман аст.

Ӯ табиб аст.

Дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Ӯ ҳоло дар гармтарин, доғтарин майдони ҷанг – дар Ню-Йорк аст.
Дар сукуте пуризтироб ӯро пайдо кардам.

Танҳо мехостам аз ҳолу аҳволаш бипурсам.

Садояшро бишнавам.

Ёддошту хотираҳоро ӯ баъдан худаш қисса хоҳад кард. Ҳоло танҳо чанд лаҳза аз блокноти ҷангии ӯ.

-Дар беморхонаи мо қариб 500 ҷой ҳаст. Ҳама – банд. Ҳатто дар беруни беморхона хаймаҳо задаем ва беморонро он ҷо нигоҳубин мекунем. Афсӯс, ба чанд ҳамкасбамон вирус сироят кард ва онҳо вафот карданд. Мо ҳатто натавонистем дар маросими видоъашон ширкат кунем.
Дар ин рӯзҳо ҳодисаҳое рух доданд, ки ман дигар ягон вақт онҳоро наметавонам фаромӯш кунам.
Аз як оила се кас гирифтори вирус гаштаанд. Ду нафар дар беморхонаи мо. Якеяшон аз ин оила дар беморхонаи дигар ҷон додааст. Чӣ мушкил аст ин хабарро расонидан, аммо бояд гуфт.

Ҳодисае дигар. Зани ҳомиладореро оварданд. Як соат то таваллуд карданаш маълум шуд, ки ба ӯ ҳам вирус сироят кардааст.

Баъди ду ҳафтаи таваллуд тифлакро назди модараш овардем.

Тасаввур мекунед, ки ин лаҳза то куҷо ҳам ширин ва ҳам талху дарднок аст?

Чанд ҳамкасбамро дидам, ки аз дидагонашон ашк мерехт…

-Режими кор чӣ гуна аст?

Ҳар рӯз дувоздаҳ соатӣ кор мекунем. Тақрибан бидуни танаффус.

Аз вазни ниқобҳои махсус рухсораҳои духтурон захмин гаштааст. Дирӯз боз як ҳамшираи шафқатамон вафот кард.

-Муносибати маризон ва мардум чӣ гуна аст?

-Ба ҷуз дорую даво мо вақт пайдо мекунем ва беморонро таскин медиҳем. Ҳатто вақте мехобам, нигоҳҳои умедвори маризонро дар хоб мебинам.

-Муносибати мардуме, ки дар атрофи беморхона зиндагонӣ мекунанд, аз тасаввур берун аст. Аз рухсораҳои захмӣ ва сиёҳгашта моро мешиносанд. Яке сипос мегӯяд, дигаре лаҳзае рост истода каф мекӯбад, саввумӣ дастонашро кушода дуо мекунад. Гарчанде дар беморхона ғизо омода мешавад, бисёриҳо барои табибон хӯрок меоваранд.

Ню-Йорк, ки на танҳо пойтахти Амрикост, балки онро пойтахти дунё ҳам меноманд, имрӯзҳо манзараи ҳузнангезе дорад. Кӯчаю хиёбонҳои қариб холӣ, оромие, ки зери домон ҳазорон нооромӣ дорад.
Одамоне, ки аз тирезаю балконҳо ба берун менигаранд ва барои аз хонаҳо бурун омадан аз душмани махуфу манҳуси дар хилват нишаста меҳаросанд.

-Ба ҳамватанон метавонед чанд сухан гӯед?

-Хушнудам, ки қадами наҳси ин вабои охирзамон ба Ватани азизи мо нарасидааст. Бо вуҷуди ин аз ҳама хоҳиш менамоям, ки эҳтиётро фаромӯш накунанд. Ин балоро осон нагиранд. Ин аз тасаввур берун аст. Худо нишон надиҳад!

… Ҷанг тамом шавад, ҳатман ба зиёрати хоҳари сарбозам ба Амрико хоҳам рафт. Ҳоло ниёиш менамоям, ки Аллоҳтаъоло ӯро сиҳату саломат нигоҳ дорад ва ҳамаи моро ба пирӯзӣ бирасонад. Ҳам ононеро, ки дар майдони муҳорибаанд ва ҳам ононеро, ки дар ақибгоҳанд…

Худо ба ҳамроҳ!

Д. А.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.