Таърихи таҷлил аз 5500 солагии Саразми бостонӣ эълон шуд

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент баргузор хоҳад шуд.

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент баргузор хоҳад шуд.

Саразм дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45-километрии шаҳри Самарқанд воқеъ шудааст. Саразм ба гуфтаи бостоншиносон, як ёдгории беназире маҳсуб мешавад, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталиф дар Осиёи Марказиро таҷассум кардааст.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ба гуфтаи бостоншиносон, сар аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва рўҳ дар кўҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё, ба таври рӯшан, нақши ин маҳал дар мубодилот ва тиҷорат миёни миёни минтақаҳои ниҳоят гуногунро нишон медиҳад, аз ҷумла Туркманистони ҳозира, Байнанаҳрайн, таммадуни Ҳинд ва албатта Осиёи Марказиро.

Саразми бостонӣ бештар аз якуним километр тул ва 700 метр бар дорад, ки ин як маҳалли маскунии бисёр бузург аст ва дар он аҳд воқеан бисёр барҷаста маҳсуб мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо як қароре аз 21-уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500-солаи шаҳраки Саразмро ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон карда буд.

Кумитаи мероси фарҳангии Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО дар моҳи августи соли 2010 бо судури як қарор ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакенти Тоҷикистонро ба феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *