Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Терроризм – ҷиҳод нест!

Ҳар як сокини мамлакат бояд дар бораи ин зуҳуроти номатлуб тасаввурот дошта бошад, то ки хатари онро дарк карда тавонаду бар зидди он мубориза баранд.

Терроризм-ин зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он, нобуд сохтан ё зарар расондан ба амвол ё дигар объектҳои моддии шаҳрвандон ва ташкилотҳо мебошад, ки боиси хавфи ҳалокати одамон мегардад.

Экстремизм-ин ангезонидани бадбинии диниву иҷтимоӣ нажодпарастӣ мебошад.

Ҷинояткорон терроризмро ба ҷиҳоз шабоҳат дода, худро ба он сафед мекунанд, ки гӯё ҳаракатҳои дар боло зикршударо барои дини ислом анҷом медиҳанд. Бигузор мафҳуми ҷиҳодро уламои дин маънидод кунанд. Лекин ба ҳалокат расонидани одамон, тарконидан, оташ задан, барангехтани бадбинии динию миллӣ баръало чи ба меъёрҳои исломӣ чи ба меъёрҳои алоҳидаву маънавӣ ва умуман ба ҳама гуна меъёру қоидаҳои ҳамзистӣ мухолифат мекунанд ва чунин кирдорҳо ба ягон далелу асос сафед карда намешаванд. Ҳар як шаҳрванд бояд бо чашми хирад ин воқеатро бубинад ва дарк кунад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони Тоҷикистон ин ҳақиқати ин воқеаро надида, дар фиребу найранги ҳизбу ҳаракатҳои бо ном давлати исломӣ нестанд.Аз ҷумла 7 нафар сокинони ноҳияи Файзобод дар давлати Сурия ҷангида, боиси ҳалокати даҳҳо нафар сокинони осоишта гардидаанд, ки нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда,  алҳол тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад. Ҳамчунин, бо ҳукми суд нисбати 2 нафари онҳо ҷазои маҳкуми аз озодӣ таъин гардидааст. Ғайр аз ин, мувофиқи маълумоти дақиқи мақомоту марбута духтарони тоҷик ба даъвати шавҳарашон ба чунин давлатҳо сафар карда дар ҳолати сангин қарор доранд.Баъди марги шаҳварашон мавриди таҷовуз ва издивоҷи маҷбурӣ қарор гирифта, фарзандонашонро аз модар ҷудо кардаву ба лагерҳои террористӣ мефиристанд. Мо бояд шукронаи онро кунем, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдат қарор дорад. Нагузорем, ки ҷавонону духтарон фирефтаи исломгароиён шуда, ҷони худро дар хатар гузоранд.

Муфасалтар дар ҳафтаномаи “ТОҶИКИСТОН”

Ҳ. Сафар, аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 У. Исломзода, ёрдамчии калони прокурори ноҳия ҳуқуқшиноси дараҷаи 1.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.