Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикони аз маҳбаси Доғистон фирор карда кистанд?

Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (УФСИН)-и ҷумҳурии Доғистони Русия ному насаби 6 маҳбусеро, ки шаби 23 сентябр тавассути як нақби кандаашон аз маҳбаси №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа фирор карданд, нашр кард.

Ду нафари онҳо аз Тоҷикистон будаанд. Қаблан фақат яке аз онҳо зодаи Тоҷикистон гуфта мешуд.

Бино ба иттилои расмӣ, Шомил Бойматови 29-сола аз ноҳияи Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе дар ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда, як сол пеш барои адои ҷазо ба маҳбаси Шамхал оварда шуданд. Бойматов ба 12 соли зиндон ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Идораи зиндонҳои Доғистон ҳамчунин видеои нақберо нашр кард, ки маҳбусон барои фирор дар тӯли як сол канда будаанд. Нақб дар видео хеле кушоду «барҳаво»ба назар мерасад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj