“Тоҷмаҳал”- ро тоҷик сохт?. Иддаои тоҷики покистонӣ интернетро ба ларза овард

Тадқиқоти Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷиктабори Покистон нишон медиҳад, ки яке аз ҳафт муъҷизоти олам – “Тоҷмаҳал”, ки дар шаҳри Аграи Ҳиндустон воқеъ аст, аз ҷониби меъмори хуҷандӣ бунёд ёфтааст…

Ориф Ҳасан Охунзода зимни суҳбати хеш ба “Sputnik” мегӯяд, ки  Устод Аҳмад Меъмори Лоҳурӣ, сармеъмори салтанати Шоҳ Ҷаҳон, ки мақбараи Мумтоз Маҳал, маъруф ба “Тоҷмаҳал”-ро бино кардааст, аслан аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистони имрӯз аст.

“Падари вай, шайх Ҳамид Сиддиқӣ, аз Хуҷанд, қаламрави Тоҷикистони имрӯз пас аз забти Ҳинд аз сӯи Бобур муҳоҷират карда, дар шаҳри Лоҳур, пойтахти вилояти Панҷоби Покистони имрӯза, он замон императории Муғули Аъзам сукунат ихтиёр кардааст.

Тамоми аъзои хонаводаи вай дар илми меъморӣ аз ҳушу заковати беназир бархӯрдор буданд ва ин суннат дар байни фарзандону набераҳои вай давом дошт. Устод Аҳмад асареро дар риёзиёту ҳандаса таҳти унвони “Рисолаи Аҳмади Меъмор” низ навиштааст”, — мегӯяд  Ориф Ҳасан Охундзода.

Муҳаққиқони аврупоӣ менависанд, ки “Тоҷмаҳал”-ро меъморони аврупоӣ, аз қабили Ҷеронимо Веронеои итолиёӣ, ду фаронсавӣ — Остин (Августин) ва Жан Боптист Товарния бунёд кардаанд. Бархе аз манобеи шарқӣ бошад, Исо ва Амонуллохони Шерозиро ном мебаранд. Аммо мадорики таърихии қадимӣ ба он ишора мекунанд, ки “Тоҷмаҳал”-ро сармеъмори дарбори Шоҳ Ҷаҳон Аҳмад Меъмори Лоҳурӣ, ки дар маъхазҳо тоҷик ё эронии зодаи Бадахшони Афғонистон унвон мешавад, бунёд кардааст.

Ориф Ҳасан Охунзода пас аз таҳқиқи рӯзгор ва осори меъмор, менависад, ки муаллифони китоби муътабари “Донишномаи исломӣ”, ки аксаран аврупоиянд, бар пояи манобеи таърихӣ маҳз решаҳои хуҷандии Аҳмади Меъморро собит кардаанд.

“Бино ба ин манобеъ, император дар талоши худ барои эъмори қасри орзуҳояш бисёре аз мутахассисони бузурги ҳиндӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Ҷеронимо Веронео (Geronimo Veroneo) муҳандиси итолиёии шаҳри Венетсияро барои ироаи тарҳ даъват карда буд, аммо саранҷом нубуғи истеъдоди Аҳмад яке аз ҳафт шигифтро ба ҷаҳониён бахшид. Шоҳ Ҷаҳон барои ба расмият шинохтани дастоварди олии устод Аҳмад ӯро бо унвони “Нодир ул-аср” қадрдонӣ кард”, — мегӯяд, Ориф Ҳасан Охундзода.

Лутфуллоҳ Муҳандӣ, писари Аҳмади Меъмор, ахтаршинос ва риёзидони маъруфи замони худ, дар яке аз китобҳояш аз ду меъмори Тоҷмаҳал — Устод Аҳмад Лоҳурӣ ва Мир Абдукарим ёдоварӣ кардааст.

Манобеи мухталиф, инчунин, бар ин иттифоқи назар доранд, ки Устод Аҳмад Лоҳурӣ сармеъмори Лол Қалъа ё Қалъаи Сурхи шаҳри Деҳлӣ (1638 — 1648), яке дигар аз намунаҳои меъмории Ҳинд, низ будааст.

Ҳамчунин, Охунзода оиди рӯзгори пайвандони меъмори “Тоҷмаҳал” пажӯҳиш анҷом дода, ба чунин натиҷа расидааст.

Устод Аҳмади Меъмор ва писараш Лутфуллоҳ Муҳандӣ танҳо шахсияти маъруфи хонадонаш набуданд.

Писари дигари ӯ – Нуруллоҳ низ ситорашинос ва хушнавис буд. Фарзанди Нуруллоҳ — Калимуллоҳ Ҷаҳонободӣ, яке аз орифон ва ислоҳталабони машҳури тариқати чиштияи тасаввуфи Ҳинд, муаллифи китоби маъруфи “Кашкӯли калимӣ” аст.

Ин андешаҳои Ориф Ҳасан Охунзода, дар фазои маҷозӣ сарусадои зиёдеро ба бор овардааст.

Дарвоқеъ, ин кашфиёти муҳаққиқи тоҷиктабори Покистон хеле ҷолиб аст ва таҳқиқи густурда мехоҳад. Дар сурати пажӯҳиши комил доир ба рӯзгор ва маҳсули Устод Аҳмад шуҳрати тоҷикон дар мовари таърих бештар хоҳад шуд. Дастранҷи Устод Аҳмад – “Тоҷмаҳал” далели он аст, ки мардуми мо дар гузашта дар рушди тамаддуни ҷаҳон нақши барҷаста доштанд.     

“Тоҷмаҳал” (1632-1653) ба дастури Шоҳ Ҷаҳон, панҷумин императори Муғули Аъзами Ҳинд ба манзури ёдбуди ҳамсари эрониаш ба номи Арҷмандбону Бегим, машҳур ба Мумтоз Маҳалл, ки соли 1631 дар сафари ҷангӣ ҳангоми таваллуд фавт кард, бино шудааст.

Соли 1983 ЮНЕСКО онро ба ҳайси “Марвориди ҳунари исломӣ” пазируфт ва  соли 2007 бо ибтикори Бернард Вабер (Швейтсария) созмони New Open World Corporation (NOWC) “Тоҷмаҳал”-ро яке аз “Ҳафт мӯъҷизаи олам” эътироф кард.

С. ЁР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *