Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистон аз соли 2016 то 2020

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми июн дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президент дурнамои кишварро баррасӣ мекунад.

Тибқи иттилоияи расмӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд, ки дар Душанбе ҷараён дорад, лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2016-2020 таҳлил мегардад.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар нишасти мазкур раҳбарони вазорату идораҳо, аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд ва созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат доранд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.