Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикстандарт: Аз Афғонистон ҳам ба Тоҷикистон обҳои ғайристандартӣ ворид мешавад

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз Гурҷистон 69 тона ва Афғонистон 5 тона обҳои ташнашикани ғайстандартӣ ворид карда шудааст, ки кормандони Агентии Тоҷикстандарт онро аз муомилот боздоштаанд.

Дар ин бора Ибодулло Қурбониён, директории Агентии Тоҷикстандарт имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон боваста ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон» иттилоъ дод.

«Бештари об ва лимонатҳои ташнашикани ғайрисандартӣ  аз Гурҷистон ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Обҳое, ки аз Афғонистон ворид шуда буданд, дар борҷомаашон ба ҷойи 6 моҳ 1,6 моҳ нишон дода шудаанд. Мо нисбати воридкунандагони ин намуди обҳо ҷаримабандии калон кардем»- гуфт. И. Қурбониён.

Умуман, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ намояндагони Тоҷикстандарт дар ҳаҷми 28 ҳазору 677 дал нӯшокиҳои ташнашикан, ки  ба талабот ҷавобгӯ  нестанд , (1дал=10 литр) аз  фурӯш боздошта,  мусодира кардаанд. Машруботи спиртии ғайстандартӣ  бошад, 24 663 далро ташкил медиҳад.

Директори Агентии Тоҷикстандарт  бо итминон иброз медорад, ки минбаъд низ дар бозори истеъмолӣ аз болои соҳибкорон ҳангоми ворид намудани маҳсулоти пастсифат назорати пурзӯр бурда мешавад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.