Тобути 28 муҳоҷир ва 220 шаҳрванди ихроҷшуда ба Тоҷикистон оварда шуд

Шаби 19 ба 20 май аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав бо ҳавопаймои чартерии ширкати «Тоҷик Эйр» ҷасади 28 шаҳрванди тоҷики дар ду моҳи охир дар Русия фавтида ва 220 муҳоҷири ихроҷгардида ба Тоҷикистон оварда шуд.

Бар асоси муқаррароти феълии Тоҷикистон онҳое, ки аз хориҷа меоянд барои ду ҳафта ба карантин фаро гирифта мешаванд. Масъулини Вазорати тандурустӣ то ҳол нагуфтаанд, ки 220 муҳоҷири баргашта дар куҷо давраи карантини худро мегузаронанд.

Бо ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» ҳамчунин тобутҳои 28 муҳоҷири фавтидаи тоҷикро ба Ватан оварданд. Аксари онҳо дар шаҳру вилояти Маскав ва манотиқи атрофи он вафот кардаанд. Аммо чанд тобут аз минтақаҳои дигари Русияро низ бо ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон оварда шуд, ки кута шудаанд. Аз ҷумла ҷасади як марди тоҷикеро, ки ахиран дар Саратов кушта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *