Толеъномаи 13-уми феврали соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз сарфи ғайринақшавии маблағ имкон дорад. Баъзе атрофиёнатон шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд. Ба фитнаву иғво дода нашавед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш надиҳад ҳам, эҳтиёт шуданатон ҳатмист. Бадгумонӣ боиси вайрон шудани муносибатҳои ошиқонаатон мегардад.

Савр (21 апрел-20 май)

Муноқишаи баногаҳ сарзада ба фоидаи шумо ҳал мегардад, вале фориғбол нашавед, ногувориҳои нав пайдо мешаванд. Сабру таҳаммулро пеша намоед. Хоби дар ин шаб дидаатон амалӣ мегардад. Саломатии шумо аз меҳрубониву дастгирии наздиконатон ва шахси дӯстдоштаатон вобастагӣ дорад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Ҳангоми рафъ намудани монеаҳои дар ҷойи кор ва хона рухдода асабатон хароб мегардад. Барои шунидани хабари ногаҳонӣ омода бошеду худро ба даст гиред. Агар имкон дошта бошед, рӯзро дар муҳити беодам гузаронед. Дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳангоми сари қарори муҳиме омадан ба маслиҳати дӯстону ҳамкорон гӯш андозед. Таваккал накунед, оқибати корро андеша намоед. Дар масъалаҳои молиявиатон тағйиротҳои судманд имкон доранд. Дӯстдоштаатонро аз худ дур насозед, дар ин рӯзҳо ба дастгирии ӯ ниёз пайдо мекунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз якраву зудранҷ гашта, ба эҳсосот дода мешаведу сабабгори муноқишаҳо мегардед. Беҳтар мебуд, ки нуқтаи назари худро иброз накунед, рафту аз ӯҳдаи ин кор набароед, ҳатман барои бахшиш пурсидан омода бошед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира мегардаду изтироб ба дилатон роҳ меёбад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз корҳоеро, ки иҷро карда наметавонед, ба ӯҳда нагиред. Мутаассифона, шумораи чунин корҳо зиёд мешавад. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Вохӯрие имкон дорад, ки ногувориҳои зиёдеро ба бор меорад. Барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон бояд меҳрубонӣ зоҳир намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳангоми бартараф намудани мушкилиҳои кориву оилавӣ хастагиву асабониятро ҳис мекунед. Ман-маниву худнишондиҳӣ дар ин рӯз бар зарари шумо аст. Инчунин, аз қарз гирифтану қарз додан худдорӣ намоед. Аз дӯстони дерин кӯмак пурсед. Дар ин рӯз ба саломатии худ диққати бештар диҳед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, бо наздикони худ моҷаро накунед. Вазъи бад давоми чанд рӯз зиёд шуда, боиси асабоният мегардад. Ба касе имкон надиҳед, ки ба муносибатҳои ошиқонаи шумо дахолат намояд. Бо каси дигар ишқбозӣ карда, рашки ёратонро наоред. Баланд шудани фишори хунатон дар назар аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз макру фиреби зиёд имкон дорад, хусусан, ҳангоми робита бо атрофиён нофаҳмӣ рух медиҳад. Боэҳтиёт бошед, хӯрдагириву айбҷӯиятон боиси муноқишаву ранҷиши наздиконатон мегардад. Барои он ки рӯзро бе моҷаро паси сар намоед, аз ҳама гуна танқид худдорӣ намоед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои ҷаддиҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯзи мусоид аст. Хариди бобарор имкон дорад. Дар ин рӯз мусиқии таскинбахш, маҳс ё сайругашт дар ҳавои тоза боиси оромии асабҳоятон мегардад. Вазъи саломатиятон аз тағйирёбии боду ҳаво вобастагӣ дорад. Бо дӯстдоштаи худ баҳс накунед, вагарна кор бо муноқиша анҷом меёбад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар вазъи молиявиатон беҳбудӣ дида мешавад. Барои рафъ кардани мушкилиҳои пулӣ рӯзи мусоид аст. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан оқибати онро андеша намоед. Рӯзҳои наздик болоравӣ дар вазифа ё мукофотпулӣ имкон дорад. Аз хариди ғайринақшавӣ ва чизҳои қимматбаҳо худдорӣ намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор ва ҳатто хатарнок аст. Худро аз наздикон ва хусусан, дӯстдоштаатон як сару гардан боло нагиред, вагарна байнатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба эҳсосот дода нашавед, аз садо баланд кардан худдорӣ намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ташаббус нишон доданро тавсия намедиҳем. Ба саломатии дандонҳо диққати хоса диҳед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *