Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи 9 июни 2020, сешанбе

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи бебарор аст. Бо роҳбарияти коргоҳ  ё ҳамкорон муноқиша имкон дорад, ки ба фоидаи шумо ҳал намегардад. Шуморо лозим меояд, ки миёни ғуруру такаббур  ва адолат якеро интихоб намоед. Аз ҷойҳои серодам ва торикӣ дурӣ ҷуед. Баъди нисфирӯзӣ бо аҳли оилаи худ бошед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз миёни хешовандон дар масъалаи тақсими мерос, хонаву мошин нофаҳмӣ рух медиҳад. Эҳтимол бародар ва хоҳаратон ба шумо рашк мекунад. Агар имкон дошта бошед, масъаларо зудтар рафъ намоед. Дар тарбияи фарзандон якеро аз дигаре болотар нагузоред.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Қобилияти баланди корӣ дар рафъ намудани тамоми мушкилӣ кӯмак мерасонад. Рӯзи пур аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ, воқеаҳои гуворову ногувор меояд. Хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. Дар ин рӯз ба касе қарз надиҳед, эҳтимол пулатонро дигар барнамегардонанд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Агар мушкилоти муҳимро дар ҷойи кор рафъ созед, ғалатҳои пешинаро бартараф месозед ва монеаҳо кам мешаванд. Вазъи саломатиятон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нафароне, ки тартибу низомро дӯст медоранд, ин ҳафта аз тағйиротҳо дар ҷойи кор ва ҳаёти шахсӣ ташвишашон зиёд мегардад.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз даромади пулӣ ба даст меоред. Қарзҳоятонро бармегардонед ё қарзи худро медиҳед. Барои кори чанд муддат пеш иҷро кардаатон маблағ мегирад. Нафаре аз ҳамкорон аз маоши бештар гирифтани шумо изҳори норизогӣ баён мекунад. Даромади пулии худро ба касе нагӯед ва тамоми ҷузъиёти коратонро ба ҳамкорон фош насозед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст, имкони ба даст овардани манбаи нави даромадро пайдо мекунед. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо асбобҳои барқӣ боэҳтиёт бошед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад, қоидаҳои роҳро риоя намоед. Сунбулаҳое, ки аз саломатӣ шикоят доранд, аз пурхӯриву майнӯшӣ худдорӣ карданашон лозим аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Барои рафъи мушкилиҳои пулӣ рӯзи мусоид аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо мекунед. Мутаассифона на ҳамаи ақрабҳо чунин имкониятро ба даст меоранд, ѓалату камбудиҳои ҳалталаб таъсири худро мерасонанд.  Агар вазъиятро ба зудӣ рафъ насозед, дар ҳоли хеле ногувор қарор мегиред.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Мушкилиҳои моҳи пешина аз нав хурӯҷ мекунанд. Уҳдабароӣ, эҳтиёткорӣ, сабру таҳаммул ва дар ҳама ҳолат мустақилият нишон дода тавонистан боиси аз душвориҳо сарбаландона берун шуданатон мегардад. Саломатии худро танҳо ба табибони касбӣ бовар кунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз кор ё уҳдадориҳои корӣ аз шумо диққатнокӣ ва интизомро талаб мекунанд. Мушкилоти муҳимро рафъ ё хатогиҳои пешинаро ислоҳ кардан муяссаратон мегардад. Муносибатҳои ошиқонаатон мустаҳкам мегардад. Хоби дидаатон ба шарте амалӣ мегардад, ки субҳи рӯз абрнок бошад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи бебарор аст. Дар ин рӯз аз бадхоҳону душманони худ эҳтиёт шавед. Ба ягон муноқиша ҳамроҳ нагардед, вагарна оқибаташ ногувор мегардад. Дар бораи захираи пулӣ доштанатон ба касе нагӯед, нафаре қарз пурсида, аз шумо меранҷад. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар касбу коратон монеаву найранг ва дасиса имкон дорад. Хусусан нисфирӯзӣ вазъият душвор мегардад. Танҳо дар сурати нишон додани масъулият ба кор ва ҷасорат камбудиҳоро рафъ месозед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, ба дуруштмуомилагии шарикони худ дучор мегарданд.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Дар масъалаҳои молиявӣ ҳамкорони воломақом ва дӯстон кӯмак мерасонанд. Бо нафаре вомехӯред, ки қаблан муносибататон сард гашта буд. Аз ин вохӯрӣ табъатон хира мегардад. Хуб мебуд, ки камбудиву ғалатҳои пешинаи худро ба назар гирифта, хулосабарорӣ кунед.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.