Толори аксбардории “Селфи Америка” дар Хуҷанд

Шоира Орипова дар шаҳри Хуҷанд толори аксбардории “Селфи Америка” таъсис дод. Минбаъд нафароне, ки барои гирифтани акс ва ё сабти навор барои саҳифаи иҷтимоии худ толори зебо меҷӯянд, метавонанд аз хизматрасонии ин марказ истифода баранд.

Дар “Селфи Америка” чӣ корҳоро метавон анҷом дод ва арзиши хизматрасонӣ дар ин ҷо чӣ гуна аст? Посух ба ин саволҳоро дар матлаби зерин ҷустуҷӯ намоед.

ТУҲФАИ СОЛИНАВӢ

То чанде қабл барои аксбардорӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷойи маъмул маҷмааи “Истиқлол”, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ё майдони Регистони Панҷшанбе ба ҳисоб мерафтанд. Акнун бо кушода шудани маҷмааи нави “Селфи Америка” сокинон, бахусус блогерон имкон доранд бо сифати баланд, барои хотира ё пешбурди саҳифа акс бардоранд.

Мушоҳида мекардем, ки барои барои пешбурди саҳифаи “Ютуб”, “Инстаграм” ё “ТикТок” барои блогерон ва ё онҳое, ки нав ба ин роҳ қадам ниҳодаанд, шароити мусоид мавҷуд нест. Аз ин рӯ, зарур шуморидем, ки як маҷмааи замонавӣ барои аксбардорӣ ташкил намоем,- мегӯяд Мадина Боқиева, менеҷери маҷмааи “Селфи Америка”.

Ин студия замоне таъсис ёфт, ки таҷлили Соли нав дар саросари кишвар оғоз шуд. Яъне, “Селфи Америка” барои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд туҳфаи идона гашт. Онҳо имкон доранд, ки ба ин ҷо омада, дар гирди арча аксу навор бардоранд ва дӯстону пайвандони худро бо ҷашни Соли нави мелодӣ табрик намоянд.

ДАР “СЕЛФИ АМЕРИКА” ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Дар маҷмааи “Селфи Америка” ҳамаи шароит барои аксу наворбардорӣ фароҳам аст. Маъмурияти он дилхоҳ декоратсия ва манзараро барои мизоҷон ташкил мекунанд.
Маҷмаа аз ду толор иборат буда, бо лампаҳои диотӣ ва дигар равшанидиҳандаҳо муҷаҳҳаз мебошад. Дар девор 30 манзара барои аксу наворбардорӣ тасвир карда шудааст. Дар маҷмааи мо аксбардор ҳаст. Мизоҷон низ метавонанд бо худ аксбардор оварда, аз хизматрасонии мо истифода баранд,- мегӯяд менеҷери ширкат Мадина Боқиева.
Арзиши хизматрасонӣ дар “Селфи Америка” аз рӯи вақт муайян карда мешавад. Барои кӯдакон ва наврасон арзиши 1 соати хузматрасонӣ ба 20 сомонӣ баробар буда, барои калонсолон он 30 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин, маҷмаа аз соати 10:00 то 22:00 фаъол буда, барои сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр хизмат мерасонад.

Имрӯз аксбардорӣ бо кӯдакони навзод мӯд шудааст. Мо барои онҳое, ки нав соҳиби фарзанд шудаанду мехоҳанд барои хотира аксу навор бардоранд, гӯшаи махсус ташкил намудем. Ин гӯша бо тамоми шароите, ки ҳар як оилаи ҷавон дорад, муҷаҳҳаз аст. Мо кӯшиш мекунем, ки вобаста ба мавсим ва дар арафаи ҳар иду айём декоратсияи маҷмааро тағйир дода, барои ҳама муҳити созгор фароҳам орем,- афзуд Боқиева.

СОКИНОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

Фирдавс Бобоев, аксбардор:- Пештар сокинон дар майдони Регистони Панҷшанбе аксбардорӣ мекарданд, ки на ҳама вақт акси гирифташуда зебо ва ҷаззоб мебаромад. Зеро ё роҳгузарон халал мерасониданд ва ё равшании офтоб аз меъёр зиёд буд.
Бо кушодани шудани “Селфи Америка” имкон пайдо шуд, ки мо — аксбардорон низ сифати хизматрасониамонро беҳтар гардонида, аксҳои ҷаззоб ва назаррабо гирем.

Мавҷуда Мӯминова, сокини шаҳр:- Барои бо аҳли оила акс гирифтан ҷойи қулай аст. Хоса, дар арафаи Соли нав зери арча бо кӯдакон акс гирифтан онҳоро хушҳол месозад. Аз ташкил шудани чунин студия хушҳолем ва умедворем, ки барои мизоҷони доимӣ ва ё дар арафаи иду айём тахфиф эълон менамоянд.

Хайрандеш Назарзода, меҳмон:- Бори аввал ба Хуҷанд омадам. Шаҳр хеле зебо аст. Ҷойҳои таърихии тамошобоб дорад. Махсусан, студияи навтаъсиси “Селфи Америка” писандам омад. Инҷо аксу наворҳои ҷолиб гирифтан мумкин. Боварӣ дорам, ки “Селфи Америка” барои сокинони шаҳр як ҷойи фароғатӣ мешавад.

Амони МУҲАММАД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *