Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Овоза ва ҳақиқат

Ҷамшеди Ҳалим: Маро дузана нагӯед!
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” ба ду овозаи паҳншуда, ки аз ҷониби мухлисони ҳунар ба мо ирсол гардид, аз забони худи ҳунармандон посух дарҷ намудем. Посухи Ҷамшеди Ҳалимро ба саволи мухлисдухтараш оиди дузана будан ё набуданаш дар саҳифаи 2 мутолиа намоед.

Номаи зани шавҳаркуш

Қиссаи мазкур дар бораи зиндагии талху сангини зане аст, ки аз ноилоҷӣ…

-Ҳолӣ ту чулоқ аз ман шарм медорӣ а, ҳа очата, ҳа бибита,- гӯён ҳақорат кадан гирифт, ҳар қадар хостам ӯро ҷудо кунам, натавонистам, намедонистам чӣ кор кунам, ҳамин дам чашмам ба каланд афтод, ки дар байни дуқушагии дарахти зардолу овезон буд, онро бардоштаму дигар ёд надорам….

Бо телефон хондани хутбаи никоҳ ҷоиз аст?

Дар саҳифаи динӣ шумо метавонед ба саволи он ки оё тавассути телефон хондани хутбаи ақди никоҳ мумкин аст, посух пайдо намоед.

«Никоҳ ба воситаи телефон ва нома ҷавоз надорад. Зеро маҷлиси никоҳи зану шавҳар дар ин васоил мухталиф (гуногун) аст. Ҳол он ки бояд «иҷобу қабул» дар як маҷлис сурат гирад (баргузор шавад). Аммо дар сурате, ки марде

Ютуби тоҷик дар “Оила”

Ҳафтаномаи “Оила” боз як рубрикаи навро пешкаши ҳаводорони шабаки Ютуб мегардонад. Минбаъд дар ҳар шумораи “Оила” аз муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ бохабар шуда метавонед.

Дар шумораи навбатӣ аз таҳқиқоти PRESSA.TJ то мусоҳибаи Сафармуҳаммад мутолиа намоед.

Қудрати Худованд ё ҳоли зори акаи Хол

Дар маводи мазкур шумо аз зиндагиномаи марде мутолиа мекунед, ки умре бо варам ё омоси рӯй умр ба сар мебарад.
Бо дидани симои ин мард кас беихтиёр гиребони тавба медорад, зеро як нимаи рӯйи акаи Холро варами даҳшатангез пӯшонда, лабонаш қариб ним метр овезон ва забонаш аз даҳон берун аст…

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *