Озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, довталабони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта (бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ), бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд (мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир) ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.

Гуфта мешавад, довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендия доранд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро то соати 17:00-и 15-уми феврали соли 2022, ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 50, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

  • аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;
  • тавсиянома аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ;
  • рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои директор ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст;
  • 3 дона расми андозааш 3х4;
  • нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд.
    Шакли супоридани санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ гузаронида мешавад.
  • Телефонҳо барои маълумот: 2341680, 934603031, 900603031, 777150707

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *