Билл Гейтс аз хатари пандемияҳои нави бадтар аз коронавирус ҳушдор дод

Миллиардери амрикоӣ Билл Гейтс аз хатари пандемияҳои нав ҳушдор дод, ки аз эпидемияи ҷаҳонии сирояти коронавирус хеле бадтар хоҳад буд.

— Муассиси ширкати Microsoft гуфт, ки сарфи назар аз сирояти баланди штаммҳои коронавируси «делта» ва «омикрон», ҷаҳон метавонад ба як вируси хатарноктар дучор шавад,- менависад Financial Times.

Дар робита ба ин, соҳибкор аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват кардааст, ки барои мубориза бо пандемияи оянда миллиардҳо доллар ҷудо кунанд.

Ба андешаи Гейтс, коркарди технологӣ низ барои мубориза бо сироятҳои оянда ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти саломатӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ӯ чунин мешуморад, ки дар масъалаи ҳалли мушкилоти ваксинагирӣ бояд пеш аз ҳама давлатҳои бой масъулият эҳсос намоянд.

Тавре сомонаи Kp.ru навиштааст, Гейтс қаблан гуфта буд, ки пас аз мавҷи штамми “омикрон”, ки тақрибан тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, пандемияи коронавирус метавонад коҳиш ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *