Убайдуллоев 18 май ҷаласа мекунад

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ қарор кардааст, ки 18-уми май дар Душанбе иҷлосияи палатаи болоии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шавад. 

Наврӯз Қурбонзода, ёвари раиси Маҷлиси миллӣ мегӯяд, дар ҷаласа баррасии якчанд қонун, аз ҷумла Қонуни конститутсионӣ «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонун «Дар бораи ҳимояи рақобат», Қонун «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон дар назар дошта шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *